Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, дар гурӯҳи «К» бо тими олимпии Непал (U-23) рақобат намуда, бо ҳисоби калони 4 бар 0 ғалаба ба даст овард.
Дидори мазкур шоми гузашта дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Голҳои рақобатро аз ҳайати Тоҷикистон ду маротиба Муҳаммадалӣ Азизбеков (дар дақиқаҳои 39, 58) ва якмаротибагии дигар Раҳматшо Раҳматзода (дар дақиқаи 90), Далер Шарифов (дар дақиқаи 90+1) ба самар расониданд.
Дар рақобати дигари ин гурӯҳ тимҳои олимпии Сурияву Филиппин дидор анҷом доданд, ки вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи суриягиҳо поён ёфт.
Ба ҳамин тартиб баъди даври аввал Тоҷикистону Сурия 3 имтиёзӣ дошта, мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд.
Дар даври дуюми мусобиқа санаи 6-уми сентябр Тоҷикистон бо Филиппин ва Сурия бо Непал дидор анҷом медиҳанд.