Имрӯз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо Сафири Фақулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин – Фролов мулоқот намуд.
Дар ин замина аз маркази матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон радиои “Тоҷикистон” хабар дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз тақвияти ҳамкориҳои муштарак ва стратегии Тоҷикистону Федератсияи Россия зикр намуда, иброз намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самтҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва маданию фарҳангӣ густариш ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия шарикони стратегӣ ва боэътимоди ҳамдигар ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ба расмиятдарории буду бош ва иҷозати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ва фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, бақайдгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фарзандони онҳо, коркарди низоми ягонаи маълумоти оморӣ оид ба фаъолият ва зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, омода ва сафарбарии муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемия тавассути рейсҳои чартерӣ ба Федератсияи Россия, таъсиси маркази муштараки омоданамоии мутахассисони соҳаҳои мухталифи бозори меҳнат дар Тоҷикистон, таҳияи барномаи муштарак оид ба фаъолият ва буду боши муҳоҷирати меҳнатӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти Федератсияи Россия бо намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин вобаста ба таъсиси маркази омоданамоии мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар бозори меҳнат ва сафарбарнамоии шаҳрвандон барои таъмини ҷойи кори доимӣ ба Федератсияи Россия ба тавофуқ расида, иброз намуданд, ки масъалаи мазкур барои беҳтар гардидани шароити корӣ ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори доимӣ василаи муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Саидов Шоҳин
Радиои “Тоҷикистон”