Вохӯрии Шараф Шерализода бо Ёвари Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон

19 августи соли 2025 вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ дар Женева Шараф Шерализода бо Ёвари Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) хонум Рувендрини Меникдивела баргузор гардидааст.  

Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.