Дар шаҳри Ҳисор Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ таҳти унвони «Андалеб – 2025» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорати фарҳанг ва ҳунармандони шинохта иштирок карданд.
Меҳмонон нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳр, ки дар саҳни қасри фарҳанг барпо шуда буд, дидан карданд.
Сипас дар толори қасри фарҳанги шаҳр иштирокчиёни Фестивал тибқи номинатсияҳои гуногун дар саҳна баромад карда аз ҷониби ҳакамон холҳои мувофиқ гирифтанд.