Идомаи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома дорад. Дар ин давр иштирокчиён аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур миёни ҳам рақобати зеҳнӣ мекунанд.

Имрӯз дар наминатсияи «Адабиёти ҷаҳон» баромади донишҷӯён оғоз гардид. Дар наминатсияи «Адабиёти кудакону наврасон ва осори шифоҳӣ» бино бар зиёд будани шумораи иштирокчиён, баромади хонандагони мактабҳо идома кард. Марям Одинаева хонандаи синфи 6 — уми МТМУ рақами 23 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи «Адабиёти кудакону наврасон ва осори шифоҳӣ» иштирок намуд. Ӯ аз баромади имрӯзаи худ қаноатманд буда, умедвор аст, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ меёбад.

Бояд гуфт, ки сол аз сол ба низомномаи озмун тағйиру иловаҳо ворид гардида, имтиёз ва имкониятҳои иштирокчиён бештар мегардад. Мувофиқи низомнома донишҷӯёне, ки ба тариқи шарномавӣ таҳсил мекунанд, дар сурати гирифтани ҷойи намоён дар даври ҷумҳуриявии озмун, аз гуруҳи шарнома ба гуруҳи буҷет гузаронида мешавад ва бо ин восита аз супоридани маблағи шарнома озод мегарданд. Томирис Умарова донишҷӯи курси 5 — уми факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирокчии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи «Адабиёти ҷаҳон» мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки хондани китобҳоро бисёр дӯст медорад ва бештар барояш шеърҳои шоири рус Сергей Есенин писанд аст.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, мустаҳкам гардидани хотира ва ба вуҷуд омадани андешаҳои созанда дар афкори иштирокчиён мусодат мекунад.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”