Зимни ҷамъбасти озмуни шаҳрии “Фарзанд — боғи падару модар”, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд, Қурбонзода Мадина Рустам, аз ноҳияи Сино, ғолиби ҷойи якуми озмун дониста шуд.
Мадина Қурбонзода яке аз ҷавонони муваффақ аст, ки номи худро ҳамчун аввалин бонуи ғолиб дар мусобиқоти бонуфузи “GRAND SLAM DUSHANBE-2025” дар таърихи варзиш сабт кард. Ӯ хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Сино мебошад.
Ӯ, ҳамчунин, пеш аз иштирок дар ин ин мусобиқа, дар мусобиқаи “Antalya Millennium Team Cadet European Cup-2025” низ миёни ҳамсолони хеш соҳиби мақоми сеюм гашт, ки ин ҳадя дар рӯзи модарон буд. Дар ин асно, ӯ дар арафаи Рӯзи ҷавонон дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё байни наврасон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон медали тилло ба даст овард.