Дар шаҳру навоҳии кишвар то санаи 08.08.2025 дар масоҳати 42640 гектар кишт гузаронида шуда, аз он масоҳати 25767 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар ин бора аз вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, аз майдони ҷамъоваришуда пиёз 342290 тонна, карам 46281 тонна, помидор 144289 тонна, бодирин 103171 тонна, сабзӣ 110424 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 119081 тоннаро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 08. 08. 2025 дар майдони 36505 гектар кишти картошка гузаронида шуд. Аз он майдони 12220 гектар ҷамъоварӣ шуд ки, ҳосили умумӣ 238960 ва ҳосилнокӣ 195,6 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии ҳосили гандум
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 197825 гектар кишти гандум гузаронида шудааст. Ба ҳолати 08.08.2025 майдони 177739 гектар даравида ва майдони 177245 гектар куфта шудааст. Ҳосили умумӣ 581523 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 32,8 сентнер буда, ҳамагӣ 1078 адад комбайнҳо дар майдонҳо дарав намуда истодаанд.
Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 296968 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Ба ҳолати 08.08.2025 майдони 241464 гектар даравида ва майдони 240817 гектар куфта шудааст. Ҳосили умумӣ 708046 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 29,4 сентнер буда, ҳамагӣ 1078 адад комбайнҳо дар майдонҳо дарав намуда истодаанд.
Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумоти фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 186100 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад. Ба ҳолати 08.08.2025 дар майдони 189296 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он ҳамагӣ 113571 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка барои дон 58368 гектар, шолӣ 15783 гектар ва дигар ғалладонагиҳо 39420 гектарро ташкил медиҳад.