Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 19-уми сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви СҲШ иштирок намуд

Имрӯз ҷаласаи 19-уми сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узв ва нозирони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд,  хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ҷонибҳо дар оғози ҷаласа оид ба масъалаи пешгирӣ ва муолиҷаи гирифторони бемории сирояии КОВИД-19  фикру мулоҳизаҳои судманд иброз дошта, фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷрибаи якдигарро дар ин давра зарур шумориданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа  вазъи ҳамкориҳо кар соҳаҳои ҳамлу нақл, роҳу коммуникатсия, энергетика, тандурустӣ, маориф ва амният мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав расонданӣ ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандӣ зоҳир гардида, пайваста дар ин самт чорраҳои мушаххас андешида мешавад.

Дар охири кори ҷаласа  дар доираи фаъолияти минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published.