Дар нимсолаи якуми соли 2025, муассисаҳои театрию консертии кишвар беш аз 81 чорабинии муҳими фарҳангӣ баргузор намуданд. Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2025», Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз», Фестивал-намоиши либоси миллии «Ҷилваи рангҳо», Фестивали маҳсулоти ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», озмунҳои «Оинаи таърих» ва «Даргоҳи маърифат» аз муҳимтарини онҳобуданд. Дар ин бора Матлубхон Сатториён вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ дод.
Ҳамчунин зимни нишаст масъулин иброз доштанд, ки дар ин давра маҳфили шеъру адаби Тоҷикистону Эрон, барномаҳои бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар шаҳри Париж ва «Шоми шашмақом» бо қарори ЮНЕСКО доир гардиданд, ки Вазорати фарҳанг дар он саҳми босазо дошт.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»