Таҳияи филмҳои мустанади муштарак бо  музофоти Шенсии ҶМ Чин ба роҳ монда мешавад

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин мубодилаи намоиши филмҳо ва барномаҳои телевизионӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар марҳила аввал, аз Тоҷикистон 6 филми мустанад ва аз Чин 5 филм мубодила гардидааст. Носир Саидзода раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар марҳилаи дуюм мо бо музофоти Шенсии ҶМ Чин филмҳои мустанади муштарак бояд омода кунем ва дар баробари ин мубодилаи филмҳоро идома диҳем.

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар ҶТ барои солҳои 2021 — 2025» давоми шаш моҳи соли равон як қатор мушкилоти техникии телевизионҳои вилоятӣ бартараф карда шуд. Ба гуфтаи Носир Саидзода раиси Кумитаи телевизион ва радио, харидории таҷҳизоти наву муосир ҷиҳати бештари мубодила ва робитаи телевизионҳои вилоятӣ бо телевизионҳои пойтахт, дар нимсолаи дуюми соли равон низ идома дода мешавад.

Муассисаи давлатии «ТВ Синамо» таҳияи ду силсилафилм, яке иборат аз 6 ва дигар аз 10 қисмро ба нақша гирифтааст. Дар нишаст Носир Саидзода раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, ки таҳияи лоиҳаи филмҳо аллакай тасдиқ гардида, марҳилаи ба наворгирӣ оғоз шудааст.

Савинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»