Дар соли 2024 аз ҷониби омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯали Ибни Сино муштаракан бо табибони Ҷумҳурии Исломии Эрон 103 амалиёти пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Ин маълумотро имрӯз Ректори Донишгоҳи мазкур Муҳиддин Нуриддин зимни нишасти матбуотӣ ироа кард. Муҳиддин Нуриддинзода ин амалиётро қадами муҳим ва яке аз дастоварди бузурги Донишгоҳ арзёбӣ намуд.
Инчунин гуфта шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ барои амалӣ ва батавсибрасонии созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, дар натиҷа Донишгоҳ тавонист бо 96 муассисаи таълимию илмии хориҷи кишвар созишнома ва қарордодҳоро ба имзо расонад.
Донишгоҳи мазкур дар 6 моҳи соли ҷорӣ, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, табобатии хориҷӣ кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои илмии муштарак 8 созишномаҳои ҳамкорӣ ва 1 ёддошти тафоҳум бо Пажӯҳишгоҳи миллии муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Донишгоҳи Лакнави Ҷумҳурии Ҳиндустон, Донишгохи миллии тиббии Қазоқистон ва тибби профилактикии шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба тавсиб расонида шуд.
Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёдддошти тафоҳум иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаҳо омода гардида, такмили ихтисоси омӯзгорон, мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, тадқиқотҳои илмӣ дар доираи мавзӯъҳои рисолаҳои илмӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ин иқдомҳои нав дар ташаккули иқтидори кадриву илмии донишгоҳӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда мегузорад.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”