Академияи идоракунии давлатӣ барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бо дастгириҳои молӣ ҳавасманд мегардонад

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд гардонидани олимон ва муҳаққиқон барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, барои ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ 15 000 сомонӣ маблағ муқаррар гардидааст. Чунин иттилоъ дод, имрўз зимни  нишасти хабарӣ  ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода.

Ҳамзамон гуфа шуд, ки бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Академия ду ихтисоси нав — иқтисоди рақамӣ ва амнияти автоматикунонии системаи иттилоот дар идоракунӣ дар зинаи бакалавриат ва магистратура таъсис дода шуд. Ҷиҳати дастгирӣ намудани ятимони кулл ва имконияташон маҳдуд, ки 18 нафар дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ҳар моҳ ба корти бонкии онҳо маблағ дар ҳаҷми 300 сомонӣ аз суратҳисоби Академия ҷудо карда мешавад.

Ба иттилои масъулини Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2025 дар самти робитаҳои байналмилалӣ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, зимни ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба мавриди омӯзиш қарор дода шуда, 5 санадҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расонида шудааст. Инчунин,  14 нафар донишҷў ва омӯзгор барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кашварҳои хориҷӣ сафарбар шуданд.

Гулрӯ Ниёззода

радиои “Тоҷикистон”