Аз 10 то 20 июли соли 2025, дар шаҳри Саншайн-Кости иёлати Квисленди Австралия 66-умин Олимпиадаи байналмилалии математика (IMO-2025) баргузор гардид. Тавре аз Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба радиои «Тоҷикистон» хабар доданд, дар рақобати шадид, хонандагони лаёқатманди тоҷик — Машрафҷон Иномов, Олимҷон Тухтаров ва Меҳрубон Юсупов бо дониши амиқ ҳунари худро ба ҷаҳониён собит намуданд. Машрафҷон ва Олимҷон сазовори медалҳои нуқра ва Меҳрубон ҷойи ифтихорӣ гарид. Олимпиада бо иштироки бесобиқаи 114 кишвар ва 600 довталаб аз саросари ҷаҳон баргузор шуд.
Даврҳои интихобии Олимпиадаи мазкур ҳанӯз моҳи феврали соли 2025 аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо баргузор гардида, аъзои дастаи мунтахаби кишвар муайян карда шуда буданд. Пас аз он аъзои дастаи мунтахаб давраи дуҳафтаинаи лагери омӯзиширо дар Ҷумҳурии Халқии Чин сипарӣ намуда, барои иштирок дар даври ниҳоии Олимпиада раҳсипор гардида буданд.