Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар бахшҳои об ва иқлим

Дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулл, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана баргузор гардид.

Бино ба иттилоъи Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи мазкур дар бахшҳои об ва иқлим, аз ҷумла нишасти тадорукотии минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба об дар Душанбе ва Конфронси «Раванди оби Душанбе» дар остонаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки дар соли 2026 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, баррасӣ шуданд.