Дар нимсолаи аввали соли равон аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 30 адад муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 115 адад муассисаҳои тандурустӣ таъмир гардиданд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 хабар дода шуд. Гуфта шуд, ки муассисаҳои тандурустӣ ба хотири дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона гардидаанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар умум 39 навгониҳо, аз ҷумла дар самти ташхис 7 ва дар самти табобат 32 адад усулҳои ҷадид дар амал ҷорӣ гаштанд.