Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо волии вилояти Малатия Седдар Явуз мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Малатияро баррасӣ намуда, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва инфрасохтор ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ таъкид шуданд.