Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид

Имрӯз бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб карда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Сипас рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, сохтмони иншооту ифрасохтори зарурӣ ва таъмини иҷрои саривақтию босифати дигар нақша-чорабиниҳо дастуру супоришҳо доданд.

Дар идома ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 — 2025» муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дарёфти хонандагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои махсусгардонидашуда корбарӣ намуда, барои ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

Вакилон инчунин ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, дар ин хусус гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр супориш доданд, ки ҳамеша барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва барои ба дастовардҳои хуб ноил гардидан тамоми имконияти мавҷударо сафарбар намоянд.

Инчунин дастур дода шуд, ки барои иҷрои босифат ва саривақтии нақша чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди саноат аз тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда шавад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодии пойтахт — истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷет, кам намудани бақияпулиҳои андозӣ, иҷрои нақшаи андозҳо ва таъмини шаффофияти хароҷоти он тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини соҳаҳои саноат ва энергетика ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли молҳои рақобатпазир, саривақт ҷамъовари намудани маблағҳои пулии истифодаи барқу гармӣ, таъмиру таҷдид намудани қубурҳои оби гарм ва омода намудани системаи энергетикии пойтахт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дастурҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзии ҳудуди шаҳри Душанбе ва аз як замин гирифтани зиёда аз ду ҳосил ва истифодаи тухмиҳои аълосифат бо риояи қоидаҳои агротехникӣ тадбирандешӣ карда шавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз содир намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии ғасби замин ва сохтмони худсарона, пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва таъмини бехатариву тартиботи ҷамъиятӣ корҳоро ҷоннок намоянд.

Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли ҳозиринро ба хизмати содиқона барои рушду нумуи пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе даъват намуданд.