Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологиро мавриди истифода қарор доданд

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологии иборат аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ ва нуқтаи хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.

Парки технологӣ дар масоҳати умумии 930 метри мураббаъ сохта шуда, арзиши лоиҳавии он зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Иншоот дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.

Парки технологӣ дар маҷмуъ аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ, коркарди меваю сабзавоти хушк ва банду баст, коргоҳи табъу нашр ва маҳсулоти полиграфӣ, коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ иборат мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки технологӣ нахуст аз корхонаи коркарди меваю сабзавоти хушк ва банду баст дидан намуданд.

Иқтидори солонаи корхона 10 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он бештар аз зардолу, себ ва хуч бо иловаи дигар намуди меваю сабзавоти хушк коркард ва омода карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулон маҳсулоти корхона рақобатпазир буда, таҳти бренди Кӯҳмева ва бо банду басти зебо ба бозорҳои вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар бароварда мешавад.

Талқони себ ва хокаи хуч аз самти дигари истеҳсоли коргоҳи мазкур ба ҳисоб меравад, ки онро дар омода кардани қаннодиҳо истифода мебаранд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти корхона пурра аз дохили ноҳия таъмин карда мешавад.

Муҷаҳҳазсозии корхона бо 5 навъи таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, дар он 4 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, коргоҳи табъу нашр ва маҳсулоти полиграфии Парки технолигиро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона бо муосиртарин технология муҷаҳҳаз буда, фаъолияти он ба рангу бори лавҳаҳо ва шиору овезаҳои таблиғотӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо, китобу маводи чопӣ равона гардидааст.

Пас аз ба истифода додани корхонаи мазкур мушкилии табъу нашр, алалхусус шиору овезаҳо дар шаклу услуби зебо, дар ҳудуди ноҳия ва шаҳру ноҳияҳои вилоят бамаротиб осон мегардад.

Дар ин коргоҳ низ 4 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин мавзеъ ба фаъолияти корхонаи коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ расман оғоз бахшиданд.

Самти асосии фаъолияти коргоҳ истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, навъи босифати орди мушунг, боқило, талқони гандум, гандумбирён, қурути нармак, чормағзи куфта ва нони чормағзӣ мебошад.

Коргоҳи мазкур имкон дорад дар як сол зиёда аз 70 ҳазор бастаи талқон аз гандум ва мушунг истеҳсол намояд.

Дар дохили корхона осёби барқӣ фаъолият менамояд, ки дар як соат метавонад 500 кило гандумро бо сифати баланд орд намоянд.

Маҳсулоти корхона барои пешгирӣ аз касалиҳои ғафсшавии хун, диабети қанд, фишорбаландӣ ва камвазнӣ мусоидат мекунанд. Дар ин коргоҳ 6 нафар соҳиби кор шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар Парки технологии ноҳияи Роштқалъа корхонаи коркарди меваю сабзавот ва қаннодиро ба истифода доданд.

Корхона аз ду коргоҳ иборат аст, ки дар онҳо 8 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд.

Корхонаи мазкур ба коркарди меваю сабзавоти маҳаллии консервашуда, аз ҷумла помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ машғул аст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 80 ҳазор консерваи маҳсулоти табиии маҳаллӣ мебошад. Пештар масъулини коргоҳ чунин корро дар шароити хона анҷом медоданд. Акнун бо ворид гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосир коркарди меваю сабзавот ба маротиб осон ва истеҳсол зиёд гардид.

Ҳамзамон дар коргоҳи қаннодӣ номгӯи зиёди шириниҳо омода карда шуда, пешниҳоди меҳмонону сайёҳон мегардад. Дар ин коргоҳ чой бо тамъи гуногуни меваҳо омода карда мешавад.

Ин шириниҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе иловаи қанд ва маводи кимиёӣ истеҳсол мегардад. Дар оянда соҳибкор Умеда Донаёрова нақша дорад, ки банду басти меваро ба роҳ монад.

Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ коргоҳи истеҳсоли дару тирезаи пластикиро мавриди истифода қарор доданд.

Дар коргоҳ вобаста ба дархост ва талаботи муштариён намудҳои гуногуни тиреза истеҳсол карда мешавад. Дар корхона дастгоҳҳои васлкунӣ, ченкунӣ ва олоти буранда насб гардида, барои босифат истеҳсол намудани маҳсулот замина мегузорад.

Корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Манучеҳр Силтолиев сохта шуда, иқтидори солонаи он дар сол 1500 тиреза мебошад. Маҳсулоти хоми корхона аз шаҳри Хоруғ ворид шуда, дар он 4 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи маҳсулоти бетониро ифтитоҳ намуданд.

Дар корхонаи мазкур маҳсулоти гуногуни ороишӣ аз санг омода карда мешавад. То кунун дар ноҳия чунин корхона мавҷуд набуд. Ашёи хом аз ҳудуди ноҳия дастрас гардида, вобаста ба талабот масҳулоти ороишӣ аз санг истеҳсол мегардад.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Парки технологии ноҳияи Роштқалъа ба масъулон ва мутахассисон барои бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот дастуру тавсияҳо доданд.

Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа 17 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бо зиёда аз 100 ҷойи кори доимӣ фаъолият менамоянд.