Яке аз бозингарони бузугтарини футболи ҷаҳони Диего Марадона дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора хабаргузории sports.ru хабар медиҳад. Биноба иттилои манбаъҳои гуногун Мардонаи 60-сола бар асари бемории қалб вафот кардааст. Ҳукумати Аргентина се рӯз мотам эълон кардааст ва ҳамаи бозиҳои Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо бо як дақиқаи сукут оғоз мешаванд.
Федератсияи футболи Аргентина ин бозингарро афсона номидааст ва сомонаи расмии ин ниҳод навиштааст, ки: «Мо аз марги афсонаи худ Диего Армандо Марадона изҳори андӯҳи амиқ мекунем. Шумо ҳамеша дар қалбҳои мо хоҳед монд”.

Лионел Мессӣ капитани мунтахаби футболи Аргентина изҳори тасаллӣ карда гуфтааст, ки “Диего Марадона хеле зебо ҳунарнамоӣ мекард у моро тарк мекунад, аммо намеравад, зеро Диего абадист. Ман тамоми лаҳзаҳои аҷиби бо ӯ доштаро дар хотирам нигоҳ медорам ва ба ҳамаи оила ва дӯстон изҳори тасаллият мекунам” менависад Леонел Месси дар саҳифаи тивитераш.

Криштиану Роналду низ изҳори ҳамдардӣ карда бузургии Диего Армандо Марадонаро эътироф мекунад ва дар саҳифаи твитераш навиштааст, ки: «Имрӯз ман бо як дӯст видоъ мекунам ва ҷаҳон бо як доҳии абадии футбол видоъ мекунад”. Яке аз беҳтаринҳо дар таърихи футбол боқӣ мемонад. Диего Армандо Марадона ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳед шуд”. Бино ба иттилои сомонаҳои расмӣ Диего субҳи чаҳоршанбе ҳангоми дар хонааш дар Тигре, воқеъ дар наздикии Буэнос-Айрес буданаш, сактаи қалб шудааст. Тибқи иттилои нашрияи Кларин, ки бори аввал дар бораи марг хабар додааст. Соли гузашта Марадона ба ҳайси сармураббии Гимназия дар Ла-Плата кор мекард. Бо сабаби мушкилоти саломатӣ, ӯ чанде пеш натавонист вазифаи худро пурра иҷро кунад, аммо 31-уми октябр, як рӯз пас аз 60-солагиаш, даста ба ӯ дар бозии ифтитоҳии чемпионати Аргентина ғалабаи калон дод. Федератсияи футболи Аргентина ин бозингарро афсона номидааст ва дар сомонаи расмии худ навиштааст: «Мо аз марги афсонаи худ Диего Армандо Марадона изҳори андӯҳи амиқ мекунем. Шумо ҳамеша дар дили мо хоҳед буд”. Пеле низ изҳори ҳамдарди карда гуфтааст, ки » Ман шубҳа надорам, зеро рӯзе мо дар осмон якҷоя бозӣ хоҳем кард. Ман як дӯсти азизамро аз даст додам”. Яке аз футболбози беҳтарини ҷаҳон Диего Армандо Марадона дар синни 60-солагӣ аз бемории қалб даргузашт. Ҳукумати Аргентина вобаста ба ин дар саросари кишвараш мотами серӯза эълон кардааст. Минбаъда бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва Лигаи Аврупо бо дақиқаи хомуши оғоз мегардад.
Саъдӣ Ғоибов
радиои «Тоҷикистон»