Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла дар робита ба натиҷаҳо ва бозтоби ҷаҳонии баргузории нахустин конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 июн бо чопи матлабе аз баргузории нахустин конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе рӯзҳои 29-31 май натиҷагирӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки Амина Муҳаммад муовини аввали Дабири кулии Созмони Милали Муттаҳид зимни суханронӣ гуфт, ки ин ҳамоиш ҷомеаи башарро ба даъвати қатъӣ барои тақвият додани уҳдадориҳо дар амал водор месозад.
Вай дар идома афзуд: «Аз соли 1975 то инҷониб зиёда аз 9 триллион тонна ях нобуд гаштааст. Солҳои 2022-2024 мо шоҳиди талафоти аз ҳама бештари массаи пирях гардидем. Ин танҳо буҳрони кӯҳӣ набуда, фоҷиаи глобалиест, ки барои инсоният оқибатҳои ногувор дорад.”
Дар идомаи конфронс Муҳаммадризо Ориф муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зикр кард, ки пиряхҳо ба унвони манбаъҳои пинҳони оби ширин ганҷинаи арзишманд барои сокинони оламанд ва ҳифзи онҳо муҷиби таъмини амният дар соҳаи об хоҳад буд. Аммо гармшавии глобалӣ ин манбаъро мавриди таҳдид қарор додааст, ки таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаро тақозо менамояд.
Дар баробари ин Селеста Сауло дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ба масъалаи аҳамияти ҳифзи пиряхҳо таъкид карда, гуфт: “Дар Осиёи Марказӣ 28 ҳазор пирях дар кӯҳҳои Тёншон ва Помир ҷойгиранд, аммо онҳо бо суръати ташвишовар аз байн рафта истодаанд. Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан 45 километри мураббаъ масоҳати пиряхи Ванҷях аз даст рафта, тақрибан 16 километри мукааб ҳаҷми худро талаф дод.” Селеста Сауло дар ин робита пешниҳод кард, ки партови газҳои гулхонаӣ бояд ба таври ҷиддӣ коҳиш дода шуда, низоми назорати криосфера тақвият ёбад ва зарур аст то насли нави иқлимшиносон тарбия карда шаванд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 июн ҳамчунин бо нашри матлабе масъалаи истифодаи неруи офтобро дар кишвари мо матраҳ кардааст.
Муаллиф менависад, ки мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳар метри мураббаи ҳудуди кишвари мо аз нурҳои Офтоб метавон тавассути панелҳо 1000 ватт неруи барқ истеҳсол кард ва ё дар сурати насби обгармкунаки офтобӣ дар ҳамин масоҳат метавон соле 150-200 килограмм ангиштсангро сарфа кард. Аз ин бармеояд, ки ҳангоми насби обгармкунаки офтобӣ дар масоҳати 10 метри мураббаъ соле баробари сӯхтани 2 тонна ангиштсанг энергия истеҳсол мешавад.
Ба хулосаи муаллиф, бо назардошти он ки дар Тоҷикистон солона рӯзҳои аз 280 то 330 рӯз офтобӣ аст, оқилона истифода бурдани неруи Офтоб ба фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ мусоидат намуда, пеши роҳи ифлосшавии муҳити зист ва хароҷоти беҳудаи энергияро хоҳад гирифт.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 июн мақолае бо номи “Сиёсате, ки ҷаҳонгир шуд” чоп кардааст.
Муаллиф матлаби Рустам Латифзода, вакили Маҷлиси намояндагон менависад, ки Пешвои миллат бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ собит намуданд, ки доираи шинохти об аз захирае, ки асосан барои қонеъ кардани талаботи маишии инсон, зироаткорӣ ва ё саноат истифода мешуд, васеътар гаштааст. Акнун ба гуфтаи муаллиф, захираҳои об дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ, амнияти миллию минтақавӣ ва мушкилоти дастрасӣ ба шароити одитарини зиндагӣ мавқеи калидиро касб намудааст.
Ба таъкиди Латифзода, воқеияти имрӯзаи сиёсати ҷаҳонии об, фикру андешаҳои роҳбарони давлатҳо, созмонҳои бонуфузи дунё, олимон ва коршиносони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи ташаббусҳои инсондӯстона ва дорои аҳамияти глобалии пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исботи ин гуфтаҳо мебошанд.
Хулосаи муаллиф ин аст, ки воқеияти имрӯз далели эътирофи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва кишвари моро бо давлатҳои абарқудрат ва муайянкунандаву пешбарандаи сиёсати ҷаҳонӣ дар як саф қарор додааст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 5 июн матлабе бо номи “Нафақа барои муҳоҷир” нашр карда, дар робита ба ин масъала бо Абдураҳмон Ҳалимзода директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мусоҳиба анҷом додааст.
Ба гуфтаи номбурда, тартиби пардохти ихтиёрии андози иҷтимоӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, бо қарори Ҳукумат тасдиқ шуда, меъёри устувори андози иҷтимоӣ ба андозаи на камтар аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст. Дар соли 2025 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳалимзода таъкид мекунад, ки ҳамин тариқ андозаи нафақаи суғуртавӣ асосан ба ҳаҷми маблағҳои супурдашудаи муҳоҷири меҳнатӣ вобаста аст. Яъне чӣ қадаре ки муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон пул супорад, ҳамон қадар андозаи нафақаи суғуртавиаш дар оянда зиёд мешавад.
Дар баробари ин ба гуфтаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар моҳи октябри соли 2022 созишномаи нав байни Тоҷикистон ва Русия дар заминаи таъминоти нафақа барои шаҳрвандони ду кишвар мавриди амал қарор гирифт. Ин созишнома ба муҳоҷирони корӣ, новобаста аз доштан ё надоштани шаҳрвандии Русия, имкон медиҳад, ки бо ба ҳисоб гирифтнаи собиқаи кориашон дар Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишвар нафақа дарёфт кунанд.
Дар ин замина зикр мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ба беш аз 568 нафар шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистон аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон нафақа таъин гардида, пардохти он дар ҷои истиқомати доимӣ дар Русия тавассути Фонди иҷтимоии Федератсияи Русия сурат мегирад.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 5 июн мақолае таҳти унвони “Рақамикунонии низоми андоз – пояи эътимод ва шаффофият” нашр кардааст. Муаллиф менависад, ки дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти рақамӣ, омӯзиши пайвастаи кормандони мақомоти андоз, баланд бардоштани сатҳи донишу касбият, тарғиби ҳуқуқии андозсупорандагон ва истифодаи васеи рақамикунонӣ, аз муҳимтарин омилҳои таъмини шаффофият, адолат ва устувории низоми андозбандӣ маҳсуб мешаванд.
Ба гуфтаи коршиноси соҳа Шаҳло Шералиева, рақамикунонӣ ба кормандони мақомоти андоз имконият медиҳад, ки назоратро самараноктар анҷом диҳанд ва ҷойҳои эҳтимолии қонуншиканиро зудтар муайян созанд. Илова бар ин, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд, ки тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда тамоми маълумоти заруриро дастрас намуда, бо мақомоти андоз муоширати бидуни ҳузур дошта бошанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар низоми рақамӣ, андозсупорандагон низ масъулияти бештар эҳсос мекунанд, зеро тамоми ҳаракатҳои молиявӣ ва ҳисоботи онҳо ба таври худкор таҳлил ва муқоиса мешаванд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”