Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он рӯзи 27 – уми ноябри соли ҷорӣ дар гулгашти ба номи Куйбишев воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ 17 соати 09 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор менамояд.
Тавре дар ин бора аз раёсати мазкур ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ доданд, дар ярмарка роҳбарон ва шӯъбаҳои кадрҳои корхонаю муассисаҳо субъектҳои хоҷагидорие, ки барои фиристодан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иҷозатнома доранд ва дигар корфармоёни шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.
Ҳамзамон ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан ба Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” ва дигар марказҳои таълимии назди агентии мазкур роҳхат дода мешаванд. Инчунин шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳиши рафтан доранд метавонанд дар ярмаркаи мазкур иштирок намоянд.