Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аввалин Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе, ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, таъмини амнияти ғизоӣ, вазъи дастрасии мардуми кишвар ба интернет ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 май мақолае таҳти унвони “Тоҷикистон. Эътирофи байналмилалии ташаббусҳо ба манфиати башарият” чоп кардааст. Муаллиф дар ин матлаб таъкид мекунад, ки пиряхҳо аз ҳассостарин нишондиҳандаҳои тағйирёбии иқлим ба ҳисоб рафта, дар даҳсолаҳои охир олимон обшавии босуръати онҳоро дар сартосари ҷаҳон сабт кардаанд.
Дар ин мақола гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Хадамоти ҷаҳонии назорати пиряхҳо, сатҳи талафоти пиряхҳо ду баробар афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 1990 талафоти солона 134 гигатонна буд, дар соли 2019 ин нишондод аллакай, то 267 гигатонна зиёд гаштааст.
Дар ин замина зикр мешавад, обе, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма гирифта, ба дигар кишварҳои ҳамсоя ҷорӣ мешавад, 446 километри мукааб мебошад. Давоми 30 соли охир дар ин ҷо зиёда аз 1000 пирях аз байн рафта, обшавии пиряхҳо ба таъмини оби рӯдхонаҳои Вахш, Панҷ ва Зарафшон таҳдид мекунад, ки кишварҳои минтақа аз онҳо вобастагии калон доранд. Гуфта мешавад, ки Осиёи Марказӣ то соли 2050 то сеяки пиряхҳои худро, ки манбаи оби ошомиданӣ ва полизӣ мебошад, аз даст медиҳад.
Ба хулосаи муаллиф, ташаббусҳое, ки аз ҷониби кишвари мо, бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуданд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд, дар маҷмуъ, баҳри наҷоти аҳли башар аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 30 май матлабе зери унвони “Доғ дар моҳтоб ё чаро баъзе аз масъулон дар ободкориҳои пойтахт хунукназарӣ мекунанд?” чоп намудааст. Муаллиф дар ин мақола аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки роҳҳои пиёдагарди атрофи баъзе биноҳои истиқоматӣ дар пойтахти кишвар ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Муаллиф дар идома менависад, кормандони Раёстаи истифодабарии роҳҳо мегӯянд, ки таъмири роҳҳои байни дохили шаҳракҳо дар ваколати онҳо набуда, нозироти минтақавии «Идоракунии хизматрасонии фонди манзил” ин ваколатро ба зимма дорад.
Аммо идораи мазкур дар навбати худ, аз надоштани имконияти таъмир ва навсозии роҳҳо мегӯяд, зеро дар тавозуни он ягон техника ва таҷҳизоти барои таъмиру барқарорсозӣ мавҷуд нест.
Ба хулосаи муаллиф, агар роҳбарони ниҳодҳои болозикр танҳо ба умеди якдигар нашуда, аз қувваи корӣ ва техникаи мавҷуда дуруст истифода бурда, ақаллан як роҳи байни дохили шаҳракро таъмир кунанд, рафтуомади сокинони ин кӯча беҳтару бехавф мегардад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 май мақолае бо номи “Бонги изтиробе, ки ҷаҳонро такон дод” чоп кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба масоили об аз он ҷиҳат моҳияти хоса касб карда, мунтазам бо иттифоқи оро дастгирӣ меёбанд, ки кишвари мо бо вуҷуди то андозае эмин будан аз мушкилоти марбут ба об дар ин самт иқдом менамояд.
Илова бар ин, ба гуфтаи муаллиф, Пешвои миллат, ҳамчун сиёсатмадори оянданигар, пештару беҳтар аз дигарон медонанд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳамгироӣ омили бениҳоят муҳим буда, ҳеҷ кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти моҳияти глобалидоштаро ҳаллу фасл намояд. Ҷанбаи дигари моҳияти ташаббусҳои Роҳбари давлати мо дар он зоҳир мегардад, ки мушкилоте мумкин аст домангири минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман, ҷаҳони муосир гардад, пешгирӣ шавад.
Аз сӯи дигар ба таъкиди муаллиф, дар дохили кишвар низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин замина, як қатор барномаҳои давлатӣ қабул шуданд, ки ба беҳтар намудани ҳолати таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, вазъи мелиоративии замин, соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда рабт доранд.
Хулосаи муаллиф ин аст, ки мо бояд ифтихор кунем, ки давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари байналмилаливу минтақавӣ ташаббусҳои муҳиму саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва мавриди омӯзиш қарор додаанд. Яъне маҳз дар заминаи ташаббусҳои раҳбари давлати мо ҳаллу фасли бетаъхир ва одилонаи мушкилоти экологӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 28 май бо нашри матлабе савол гузоштааст, ки Тоҷикистон кай бо равғани худӣ таъмин мешавад? Муаллиф менависад, ки ҳарчанд теъдоди корхонаҳои равғанбарорӣ дар Тоҷикистон аз 80 адад ҳам гузаштааст, аммо онҳо то ҳол наметавонанд талаботи дохилиро қонеъ кунанд.
Ба гуфтаи муаллиф, айни замон танҳо 28-30 фоизи аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ таъмин мешаванд. Дар муқоиса, талаботи солонаи аҳолӣ ба равған тибқи меъёр 16,6 кг барои ҳар нафар аст. Яъне барои таъмини пурраи талаботи аҳолии кишвар бо равған ҳудуди 170 ҳазор тонна равған лозим мешавад.
Дар идома зикр мешавад, ки тибқи дурнамои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, истеҳсоли равған бояд дар соли 2025 ба 30,3 ҳазор тонна расонида ва воридот то 92 ҳазор тонна поин оварда шавад. Агар ин нишондиҳандаҳо амалӣ шаванд, истеҳсол 20% меафзояд ва воридот 6,5% коҳиш меёбад.
Бо ин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, ки танҳо афзоиши истеҳсол кофӣ нест ва Тоҷикистон имкон ва иқтидори комил барои коҳиши вобастагӣ аз равғани воридотиро дорад. Дар замина таъкид мешавад, ки бо сиёсати дуруст, сармоягузорӣ ва истифодаи технологияи нав, кишвар метавонад то 70% талаботи дохилиро бо равғани ватанӣ таъмин кунад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин мусоҳиба бо Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро чоп кардааст. Исфандиёри Саъдулло дар посух ба саволи ин ки сифати алоқа, бахусус интернетро дар кишвар чи гуна арзёбӣ мекунед?, гуфтааст, ки беҳтар шудани сифати алоқа пеш аз ҳама ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ бастагӣ дорад.
Ба гуфтаи номбурда, имсол дар кишвар насби 2100 адад истгоҳи базавии 4G ва 5G-ро ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон, хатҳои магистралӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шуддаст. Зеро бе хатҳои магистралӣ, ҳатто бо 4G ва 5G, суръати интернет қонеъкунанда нахоҳад буд.
Дар идома раҳбари Хадамоти алоқа таъкид мекунад, ки муҳимтар аз ҳама, ширкати «Тоҷиктелеком» бо шабакаи зеризаминии байналмилалӣ пайваст шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон тавассути хати зериуқёнусӣ ба Қарочӣ ва баъдан ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст шуда, воридоти интернет ба Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфт, ки ин иқдом таъсири мусбат ба сифати интернет ва арзиши он хоҳад гузошт.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 28 май бо нашри матлаби таҳлилие мушкилот дар роҳи рушди пиллапарвариро дар Тоҷикистон матраҳ кардааст. Муаллиф менависад, ки тибқи маълумоти соли 2024, истеҳсоли пилла дар Тоҷикистон ҳамагӣ 362 тоннаро ташкил додааст, ки ин камтар аз нисфи нишондиҳандаи соли 2014 ва 10 маротиба камтар аз нишондод солҳои 1990-ум аст, ки он замон дар ҷумҳурӣ ҳар сол зиёда аз 4,5 ҳазор тонна пилла истеҳсол мешуд.
Дар идома зикр мешавад, ки Барномаи давлатии рушди кирмакпарварӣ барои солҳои 2012-2020 мебоист вазъиятро тағйир дода, соҳаро ба зинаи нав мебарорад. Аммо оморҳо бозгӯи он аст, ки баракс истеҳсоли пилла аз 1000 то ба 300 тонна коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин, дар доираи Барномаи давлатии рушди кирмакпарварӣ ва коркарди пиллаи тут барои солҳои 2020-2024 обод кардани майдонҳо, нигоҳубин ва баланд бардоштани ҳосили дарахтони тут, бунёди тутзорҳои нав пешбинӣ гардида буд. Аз ҷумла дар ин муддат, шинондани 4 миллиону 375 ҳазор бех ниҳоли тут ва бунёди 180 гектар тутзори нав пешбинӣ карда шуда буд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”