Имрӯз зимни як нишасти мизи гирд, дар шаҳри Душанбе барномаи “Низоми иттилоотии бозор” (НИБ) муаррифӣ шуда, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Барномаи мазкур аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Зеркало» таҳия гардида, ба танзим ва рушди фаъолияти тиҷоратии хоҷагиҳои деҳқонӣ равона шудааст.
Абдухалил Наҷибуллоев, сардори Раёсати нархҳои Агентии омори назди президенти ҶТ зимни як суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе аз ҷониби ин Раёсат нархҳо санҷида мешаванд. Натиҷаҳои маҳсулоти санҷидашударо ба ҳисоби миёна муайян намуда, дар сомонаи расмии ин Агентӣ ба нашр мерасад. “Мақсад аз таҳия ва пешниҳоди Низоми иттилооти бозор пеш аз ҳама такмили механизми мониторинги давлатии маълумотҳои нархӣ тавасути истифодабарии техналогияҳои иттилоотӣ, баландбардории фаврият ва эътимоднокии маълумотҳои нархӣ, ташкили имконоти ҳамкорӣ барои шарикиb давлату бахши хусусӣ тавасути паҳн намудани маълумотҳои нархӣ ба истифодабарандагони иттилоот, ҷоринамоии механизми паҳннамоии нархӣ тавасути SMS паёмакҳо ва мусоидат ба рушди бизнеси хурду миёна, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзиро дар бар мегирад”- иброз намуд Абдухалил Наҷибуллоев.
Гуфта мешавад таҳияи ин Барнома ба сокинон ва кишоварзон барои саривақт муайян намудани арзиши маҳсулотҳо дар бозори истеъмолӣ мусоидат мекунад. Дар барнома зиёда аз 40 номгӯйи маҳсулоти ғизоӣ аз 22 бозорҳои шаҳру ноҳия аз ҷумла, Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рашт, Ваҳдат, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Конибодом, Бохтар, Кӯлоб, Панҷ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Ёвон, Ванҷ ва Хоруғ маълумот ҷамъ меоварад. Айни замон Барнома дар сомонаи www.stat.tj фаъол буда, давоми ҳафт рӯз як маротиба нархнома иваз карда мешавад.
Тағйироти арзиши маҳсулоти ниёзи аввал тез-тез ба мушоҳида мерасад. Назораткунандагони дар ин соҳа наметавонанд арзиши маҳсулоти ғизоиро ба таври маъмулӣ назорат кунанд. Аз ин хотир таҳиягарони Барномаи “Низоми иттилоотии бозор” умедворанд, ки он дар ин самт кӯмак мекунад.
Ёдовар бояд шуд, ки маблағгузории ин Барнома аз ҷониби Муасисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» амалӣ карда мешавад.
Саидов Шоҳин
радиои “Тоҷикистон”