Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 8 май хабар дод, ки рӯзи 7-уми май бори нахуст дар Тоҷикистон рӯзи касбии кормандони соҳаи телевизион, радио ва алоқа таҷлил шуд. Дар ин рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки масъулин ва кормнадону собиқадорони соҳа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ таъкид шуд, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи телевизион ва радио барои рушд ва тавсеаи инфрасохтори техникӣ, беҳтарсозии муҳтаво ва баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳову лоиҳаҳо барномаҳои давлативу стратегияҳои муҳимро амалӣ намуд.
Дар натиҷаи амалишавии ин табдирҳо имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 104 шабакаи телевизион ва радио, аз ҷумла 15 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 39 телевизиони хусусӣ, 24 радиои хусусӣ ва 16 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият мекунанд, ки дар ғанӣ гардондани фазои иттилоотии миллӣ саҳм мегузоранд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 май мақолае таҳти унвони “Об. Бардошти ихтисосӣ аз низоми хоҷагӣ” чоп кардааст.
Саидмурод Қаландаров, сармуҳандиси шабакаи обу корези шаҳри Душанбе ба хабарнигори нашрия гуфтааст, обҳои рӯйизаминӣ, ки аз дарёи Варзоб сарчашма мегиранд, вобаста ба фаслҳои сол мушкилӣ эҷод намуда, дар қиёс ба солҳои пеш сифати оби ин дарё тағйир ёфтааст.
Ба гуфтаи номбурда, солҳои пеш фаъолияти инсон ба табиат, аз ҷумла ба дарёҳо, камтар буд, ҳоло одамон ба манбаъҳои об ҳам аз ҷиҳати бактериологӣ, ҳам физикӣ зиёд таъсир мерасонанд ва махсусан, фаъолияти одамон дар наздикии соҳили дарёҳо афзудааст.
Ба хулосаи муаллиф, раванди тоза кардани обҳои партов аз масъалаи муҳими экологӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, монеаҳои зиёд ва мушкилӣ эҷод мекунад.
Таъкид мешавад, ки пеш аз ҳама, шабакаҳои обу корез ба навсозӣ, инфрасохтори муосир ва мутахассисони баландихтисос ниёз доранд. Махсусан, дар шабакаҳои обу корез бунёди корхонаҳои бузурги тозакунии партовоб хеле муҳим ва заруранд. Аз ҷониби дигар, маърифати экологии аҳолӣ аз ҷанбаҳои муҳими риояи тавозуни экологӣ ва роҳҳои кам кардани партовҳои обӣ ба муҳити зист мебошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 5 май хабар дод, ки меъёри рента ё худ андоз барои содироти ашёи хом аз Тоҷикистон зиёд карда шуд.
Тибқи иттилои нашрия, дар ҷаласаи рӯзи 5 май вакилони Маҷлиси намояндагон аз лоиҳаи қонун барои тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ карданд.
Тибқи ин лоиҳа меъёри рента ё худ андози махсус барои содироти маҳсулоти ашёи хоми коркарднашуда аз 1 июни соли 2025 8 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 10 фоиз пешбинӣ шудааст. Бо мақсади кам кардани таъсири ноустувории иқтисодӣ ба фаъолияти корхонаҳои ресандагӣ нисбат ба содироти калоба, ресмони пахтагин ва риштаи абрешимӣ меъёри амалкунандаи рентаи содиротӣ, яъне дар солҳои 2025 ва 2026 бо меъёри 4 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 бо меъёри 6 фоиз бетағйир нигоҳ дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки айни замон, тибқи моддаи 325-и Кодекси андоз меъёри рентаи содиротӣ аз 1 январи соли 2025 4 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 ба андозаи 6 фоизи арзиши фурўши молҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои дар дохили кишвар коркард гардидани маҳсулоти ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳамзамон, барои ба буҷети давлатӣ ворид гардидани маблағҳои иловагӣ мусоидат менамояд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 май мақолае таҳти унвони “Маҳвшавии ганҷинаи умумибашарӣ боиси нигаронист” чоп карда, таъсири тағйирёбии иқлим ба набототу ҳайвонот ва захираҳои обӣ дар ҷаҳонро матраҳ кардааст.
Таъкид мегардад, ки дар ин росто Осиёи Марказӣ ба минтақаҳое дохил мешавад, ки зери хатари ҷиддии таъсири тағйирёбии иқлим қарор доша, хоса Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои сохтори мураккаби гуногунии иқлимӣ ва биогеографӣ мебошад, ба чунин равандҳо ҳассостар аст.
Гуфта мешавад, ки тибқи таҳлили олимони тоҷик дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 242 намуди ҳайвонот дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун намудҳои нодиру зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.
Дар идома зикр мешавад, ки зиёда аз 60 дарсади ин пиряхҳо дар кӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд ва сарчашмаи обҳои мусаффои минтақа ба шумор мераванд. Аз рӯйи таҳқиқот андозаи пиряхҳои кишвар 25-35 дарсад нисбат ба нимаи асри гузашта кам шудаанд ва тибқи пешгӯиҳо агар обшавии пиряхҳо бо ҳамин суръат идома ёбад, то охири асри XXI хатари 50 дарсади нобудшавии онҳо вуҷуд дорад.
Ба хулосаи муаллифони мақола, тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба равандҳои табиӣ ва бахшҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ таъсири маҷмуӣ расонида, амалисозии стратегияи идоракунии устувори сарватҳои табиӣ барои коҳиши осебпазирии экосистемаҳо мусоидат хоҳад кард.
Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” шумораи рӯзи 5 майро ба унвони нашри махсус ба ифтихори Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ба шакли ранга чоп кардааст. Ҳафтанома дар ин шумора табрикоти Саидзода Носир Озод раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат нашр кардааст.
Саидзода Носир зимни ишора ба дастовардҳои соҳа дар солҳои соҳбибистқлолии кишвар зикр мекунад, ки айни замон дар Тоҷикистон 104 шабакаи телевизионӣ ва радиоии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад.
Ҳамзамон Раиси Кумитаи телевизион ва радио таъкид мекунад, ки бо мақсади таъмини боз ҳам беҳтари сифати барномаҳо ва вусъати фазои иттилоотии миллӣ зарур аст, ки дар оянда таваҷҷӯҳи бештар ба таҳияи барномаҳои таъсиргузор, ҷалби мутахассисони ҷавон ва таъсиси марказҳои таълимии замонавӣ барои такмили ихтисоси кормандони соҳа равона карда шавад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 8 май бо нашри матлабе хабар дод, ки Тоҷикистон дар соҳаи энергияи барқароршаванда дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф аст.
Дар ин матлаб зирк мешавад, ки тибқи гузориши ҷадиди Ожонси байналмилалии неруи таҷдидшаванда тайи 10 соли ахир Тоҷикистон иқтидори манобеъи барқароршавандаи энергияро 15,8% афзоиш дод.
Тибқи ин гузориш, иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон аз 4957 мегаватт дар соли 2015 то то 5738 МВт дар соли 2024 зиёд шуд, ки асосан аз ҳисоби фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обӣ таъмин мешавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”