Ҷудокорони тоҷик дар рӯзи дуюми Dushanbe Grand Slam 2025 соҳиби 3 медал гардиданд

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар чор вазн муайян гардиданд. Ҷудочиёни тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни -73 кг медали тилло, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали тилло ва Абубакр Шеров дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар вазни 73 кг мо дурахшиши Муҳиддин Асадуллоевро дидем, ки соҳиби нишони тилло шуд. Асадуллоев дар роҳ ба финал Абубакр Шерови ботаҷрибаро шикаст дода, дар финал ғалабаро бар Эрденебаяр Батзаяи муғул зафар ёфт. Ин аввалин медали тилло барои Муҳиддин дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин вазн Абубакр Шеров бо Беҳрӯз Хоҷазода барои нишони биринҷӣ мубориза бурда, дастболо гардид.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг аз садди роҳи ҳама гузашта, дар финал бар ҷудокори бетараф Адам Тсечоев зафар ёфт. Барои Сомон ин медали дуюми тилло дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб мешавад.

Ҷудокорони дигари мо дар вазни то 73 кг Ворис Назаров, Беҳрӯз Хоҷазода ва дар вазни то 81 кг Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфидинзода бидуни ҷоиза мусобқаро ҷамъбаст намуданд.

Ҳоло пас аз 2-рӯзи мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 ҷудокорони тоҷик бо 8 медал дар феҳристи маҷмӯи медалҳо дар зинаи аввал қарор гирифтаанд. Фаронса бо 5 медал дар зинаи дуюм ва Муғулистон бо 4 медал сегонаи беҳтаринҳо пур мекунанд.

Ҷудокорони тоҷик соҳиби 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Имрӯз дар рӯзи охири масобиқа боз ҷудокорони мо имкони ба даст овардани медалҳоро доранд, зеро 13 ҷудокори мо баромад хоҳанд кард. Ин ҷудокорон дар вазни то 90 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музаммир Каримзода, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов ва дар вазни +100 кг Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев мебошанд.

Related posts