4-тилло, 3-нуқра, 4-биринҷӣ ва ҷои аввал аз рӯи шумораи умумии медалҳо миёни 27 кишвари 4 қитъаи ҷаҳон — натиҷаи ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи GrandSlam Dushanbe — 2025
Мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург»- Ҷудо, ки 3 рӯз боз дар пойтахти кишвар ҷараён дошт ба охир расид. Дар рӯзи охир варзишгарони тоҷик тавонистанд боз 3 медали дигар ба даст оранд.
Дар умум дар мусобиқаи Grand Slam Dushanbe — 2025 Тоҷикистонро 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) муаррифӣ карданд. Аз ин 11 ҷудокори тоҷик ба гирифтани медал даст ёфтанд.
Ҷудорони тоҷик, ки соҳиби нишон гардиданд инҳоянд:
Барандагони медали тилло
— Эмомалӣ Нураллӣ (вазни 66 кг)
— Муҳиддин Асадуллоев (вазни 73 кг)
— Сомон Маҳмадбеков (вазни 81кг)
— Темур Раҳимов (вазни +100 кг)
Барандагони медали нуқра
— Меҳрзод Суфиев (вазни 60 кг)
— Обид Ҷебов(вазни 66 кг)
— Ҷаҳонгир Маҷиддов (вазни то 100 кг)
Барандагони нишони биринҷӣ
— Ёсин Бобокалонов (вазни 66 кг)
— АбубакрШеров (вазни 73 кг)
— Кароматулло Ҳакимов (вазни то 100 кг)
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 226 ҷудокор аз 27 кишвари 4 қитъаи олам иштирок намуданд, ки аз ин 123 мард ва 107 зан буд.
Дар ҷадвали умумии маҷмуи медалҳо — Тими ҷудои Тоҷикистон бо 11 медал мавқеи аввалро касб намуда, Озарбойҷон бо 4 медал (2-тилло ва 2-нуқра) дар ҷои 2-юм қарор гирифт. Фаронсавиҳо бошанд 7 нишон (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ)-ро соҳиб гардиданд ва зинаи 3-юмро ишғол намуданд. Ҳамзамон тимҳои ҷудои Муғулистону Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 5-гонаи беҳтаринҳо қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод ва ғолибон ҳар вазн бо 5000 евроӣ, барандагони медали нуқра бо 3000 евроӣ ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евроӣ сарфароз гардиданд.
Рустам Зоирзода,
радиои»Тоҷикистон»