Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот

“Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъ ва дурнамо”, доир ба ин мавзӯъ имрӯз дар МД-ии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва дигар кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда, муҳимтарин масъалаҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни конфронс таъкид рафт, ки маҳз таваҷҷӯҳӣ сатҳи баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир боиси он гардид, ки замнаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, кадр ва техникии Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, баҳри пешбурди босамари фаъолият шароитҳои созгор фароҳам оварда шуданд.

Вазъи имрӯзаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафти босуръати илму техника, ташаббусҳои нав дар рушди давлатдорӣ, аз ҷумла ҷорӣ гардидани низоми Ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти кулли соҳаҳои муҳими давлатӣ таваҷҷӯҳи бештарро тақозо дошта, доир ба мавзӯъҳои асосӣ аз ҷониби иштирокчиёни конфронс ибрози андеша сурат гирифт. Дар идомаи конференсия  таҷрибаи миллӣ ва байналмиллалии ҳифзи техникии иттилоот мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри таҳким ва такмили он пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Конфронси мазкур дар доираи самараноки корӣ анҷом ёфта, дар интиҳо баҳри такмили самтҳои алоҳидаи корӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.           

О. Шарипова

радиои “Тоҷикистон”