“Тоҷикистон”: Ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон бо суръат густариш меёбад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла тақвияти назарраси ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон, ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, тағйирот ба Кодески мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 апрел хабар медиҳад, ки сомонаи Институти иқлимшиносии Колумбия маводи пажӯҳишгар Ҷозеф Грифитсро доир ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо нашр намуд, ки дар он аз ибтикороти Тоҷикистон дар ин самт зикр шудааст.

Ба иттилои нашрия, дар сомонаи мазкур зикр мегардад, ки чанде пеш дар доираи ҷашни аввалин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, конфронси сатҳи баланд баргузор гардид.  Яке аз нуктаҳои асосии чорабинӣ муҳокимаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29 то 31-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин росто таъкид мегардад, ки ҳамин тавр, ибтикороти кишвари моро на танҳо расонаҳои хориҷӣ инъикос менамоянд, балки дар марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 22 апрел матлабе таҳти унвони “ВМКБ. Танзим ҳанӯз танзим мехоҳад!” чоп карда, аз ҷаласаи васеи комиссияи доимии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон оид ба танзими ҷашну маросим натиҷагирӣ кардааст.

Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки давоми соли гузашта аз ҷониби комиссияҳо дар қаламрави вилоят 5 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бошанд, тайи ин давра дар ин самт 12 қонуншиканиро ошкор намуданд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шуъбаҳои дин ва танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо ба таври лозимӣ роҳандозӣ нашудааст.

Дар идома гуфта мешавад, ки яке аз сабабҳои асосии камбудиҳо дар бахшҳои дин ва ҷашну маросими ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ин тез-тез ивазшавии кадрҳо мебошад. Бахусус, ин ҳолат дар бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросими ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа ва Шуғнон ба назар мерасад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 23 апрел аз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон гузориши муфассал чоп карда менависад, ки дар ин ҷаласа ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Тибқи ин лоиҳа, минбаъд баррасии масъалаҳои эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ҳоли ҳозир ин салоҳият ба мақомоти судӣ дода шудааст.

Дар идома таъкид мешавад, ки пешниҳоди мазкур асоси воқеӣ дорад, зеро мутобиқи қисми 5 моддаи 293 Кодекси маданӣ ягона шарти эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона ин ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон мебошад. Мутобиқи Кодекси замини Тоҷикистон бошад қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад.

Дар баробари ин дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба моддаи 20 дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» сархати бисту панҷум илова гардид, ки дар асоси он раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсаронаро ҳал мекунад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 23 апрел мақолае бо номи “Истифодаи энергияи «Сабз»” чоп карда, масъалаи истифодаи неруи офтобро барои тавлиди барқ матраҳ кардааст.

Муаллиф дар оғози мақола менависад, ки соли 2024 истеҳсоли неруи барқ дар ҷаҳон аз энергияи офтоб 474 тераватт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 29 дарсад зиёд аст. Таъкид мешавад, ки соли сеюм аст, ки аз рӯи суръати истеҳсоли неруи барқ энергияи офтоб миёни дигар манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ҷои аввалро ишғол мекунад.

Дар ин замина зикр мешавад, ки мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди кишвар бо панелҳои офтобӣ пӯшонида шавад, солона 5 миллиард кВт /соат барқ тавлид хоҳад шуд.

Дар идома таъкид мешавад, муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки насби панел ва обгармкунакҳои офтобӣ дар болои биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, корхонаҳо ва иншооти фарҳангию варзиш имкон медиҳад, ки 20 дарсади эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба неруи барқ таъмин гардад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 23 апрел мақолае бо номи “Тоҷикистону Эрон. Мулоқоти се мақоми баландпоя дар як ҳафта” чоп кардааст.

Нашрия менависад, ки тайи ҳафтаи охир се мақоми баландпояи қудратии Тоҷикистону Эрон дидору мулоқот доштанд. Дар оғози ҳафта вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ба Эрон сафар кард, вазири корҳои дохилии Эрон бошад, ба Тоҷикистон омад. Раисони суди олии Эрону Тоҷикистон низ дар Чин мулоқот доштанд. Аз ҷумла, 22-юми апрел Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон ба Тоҷикистон омада, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Дар ин мулоқот аз ҷумла доир ба тавсеаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом дода шуд. Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир иқдомҳои муштарак андешида шаванд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти расмӣ, Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2025 аз Қазоқистон ба маблағи 257 миллион доллар молу маҳсулот ворид кардааст. Ҳамзамон, ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳамагӣ наздик ба 18 миллион долларро ташкил додааст. Ин нишон медиҳад, ки ҳарчанд муносибатҳои иқтисодӣ рушд мекунанд, вале тавозуни он ба фоидаи Қазоқистон боқӣ мондааст.

Дар ин замина муаллиф таъкид мекунад, ки бо дарназардошти омори зикршуда, то ҳол тавозуни тиҷорат байни ду кишвар ба фоидаи Қазоқистон боқӣ мондааст. Ба андешаи таҳлилгарон, барои беҳсозии вазъ ва расидан ба тавозуни иқтисодӣ, Тоҷикистон имкон дорад содироти маҳсулоти рақобатпазир, бо сифати баланд ва дар бозор талаботдоштаро афзоиш диҳад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 24 апрел хабар дод, ки барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд.

Тибқи иттилои ин ҳафтанома, бо зиёд шудани шумоари зиндониёне, ки барои фаъолияти экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои тундрав маҳкум шудаанд, Ҳукумати Тоҷикистон барномаи махсуси солимгардонӣ ва барқарорсозӣ қабул кардааст. Барои тадбиқи барнома беш аз 38,5 млн  ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки 17,5 млн сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ аст.  Гуфта мешавад, ки дар ин бора аз 28-уми марти соли 2025 қарори ҳукумат ба имзо расидааст, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.

Ҳадафи ин барномаи давлатӣ, ки барои солҳои 2025-2029 пешбинӣ шудааст, “солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкум шудаанд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва манфиатҳои қонунии онҳо аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ” унвон шудааст. Дар асоси он ба маҳбусон тарбия ва хизматрасонии равоншиносӣ дода шуда, онҳо ба ҳаёти солим баргардонида мешаванд.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 24 апрел иттилоъ медиҳад, ки нақшаи андоз аз бизнеси бозӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 дар ҷумҳурӣ 19,6 млн сомониро ташкил дода, ба буҷет 26,2 млн сомонӣ андоз аз бизнеси бозӣ ворид гардид, ки ба 134,1 дарсдаи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Аз сӯи дигар зикр мешавад, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2025 дар ҷумҳурӣ 293 адад субъекти бизнеси бозӣ дар назди буҷет, ҷамъ, ба маблағи 1 млн 724,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ин намуди андоз қарздор мебошанд.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки аз натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда бармеояд, бақайдгирии объектҳои бизнеси бозӣ аз рӯи намудҳои алоҳидаи фаъолият дар мақомоти ҳудудии андоз дар сатҳи паст қарор дорад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”