Аз санаи 2-юм то 4-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Grand Slam Dushanbe — 2025 баргузор мегардад. Тавре аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқа ҳайати мунтахаби Ҷудои Тоҷикистонро 36 варзишгар, аз ҷумла 28 мард ва 8 зан муаррифӣ мекунанд.
Ҳайати ҷудои Тоҷикистон барои мусобиқаи мазкур чунин аст:
Мардон:
Вазни -60 кг: Ҳақдод Гулов, Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов.
Вазни -66 кг: Эмомалии Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидабуроров
Вазни -73 кг: Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳиддин Ассадулоев, Маҳмадшариф Наҷмиддинов.
Вазни -81 кг: Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфидинзода.
Вазни -90 кг: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музамммир Каримзод.
Вазни -100 кг: Ҷаҳогир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов
Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев
Бонувон:
Вазни -48 кг: Аҳлия Муминова, Райҳона Розиқзода.
Вазни -52 кг: Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева, Насиба Карликова.
Вазни -57 кг: Александра Кан, Раҳмия Ханҷарбекова.
Вазни -63 кг: Виктория Киселёва
Бояд гуфт, ки мусобиқа дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии пойтахт дар 7 вазн миёни мардон (дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, -100,+100) ва дар 7 вазн миёни занон (дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, -78 ва +78)
доир мегардад.
Бино ба иттилои Федератсия байналмилаии ҷудо (IJF) дармусобиқа 241 ҷудокор аз 28 давлати 4 қитъаи ҷаҳон иштирок мекунанд, ки аз ин 132 мард ва 109 зан мебошад.