Баргузории ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистон

Тоҷикистон хостори густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо кишвари Арманистон мебошад, чунин зикр дошт,  вазири рушди иктисод ва савдои кишвар Завқӣ Завкизода зимни ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистон, ки имрӯз дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур, ки таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири иқтисоди Арманистон Геворг Папоян баргузор гардид, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба тавсеяи хамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Арманистон баррасӣ гардиданд.

Инчунин ҷонибҳо дар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон дар баробари баррасии масоили иқтисоду тиҷорат вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ, энергетика, саноат, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноати сабук ва сайёҳӣ табодули назар намуда, дар ин зимн пешниҳодҳои ҷолиб ва самарабахш иброз намуданд.

Дар ниҳоят Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистон ба имзо расид.

Таъкид рафт, ки чаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон соли оянда дар Ереван баргузор гардад.

                                                                                           Олуфта Шарипова,

радиои «Тоҷикистон»