Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Украина супорид

23 ноябр дар Киев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода нусхаи эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин супорид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома Сафир бо муовини Вазири корҳои хориҷии Украина мулоқот анҷом дод. Дар он масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина ва роҳҳои густариши онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Тоҷикистонро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Украина комёбиҳо орзу намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *