Парчами давлатӣ-нишонаи давлати ягона ва миллӣ

Парчам дар ҳайёти ҳар як давлату  миллат мавкеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттиҳоди халқу миллатҳои ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад.

Таҷлили рӯзи  Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки  имрўз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳибтамаддун  дар ҷаҳон  муаррифӣ менамояд.  Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳими давлатдорист. Боиси хушбахтист, ки халқи тоҷик аввалин шуда,  дирафши Ковиёнро ба миён овардааст.  Эҳтироми волои Парчам дар баробари  Нишон ва Суруди Миллӣ   вазифаи асосӣ ва  ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мусаллам аст, ки Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор ва давлату давлаторӣ, таҳкими истиқлолият, ҳифзи дастовардҳо пеш аз ҳама ваҳдатӣ миллӣ ва сайу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдоди раҳнамун месозад. Дар тӯли таърих аввалин маротиба пайдоиши парчамро ба Коваи оҳангар нисбат медиҳанд. Дар ин бора устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Профессор Юсуфшо Яқубшо чунин мегуяд: “Парчам дар тамоми давру замон як ифтихор аст барои он нафаре, ки парчамро этҳтиром менамояд. Ин яке аз рамзҳои кишвар ва давлатдорӣ мебошад. Парчами миллати тоҷик без аз чоруним ҳазор сола таърих дорад. Номи парчамро аввалин мартиба ба Коваи оҳангар нисбат медиҳанд, ки ин аз набарди Фаридун бар муқобили Заҳҳок оғоз меёбад”.

Ба таъкиди Профессор Юсуфшо Яқубшо ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо кардаанд.

Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, сайу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми чорабиниҳои расмии давлатӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.

Нуралӣ Давлат

                                                                                                                                                                                                                        Радиои “Тоҷикистон” 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *