Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Пулково меҳмони олиқадр, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони расмии Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.