Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пешгӯии афзоиши ММД дар ҷаҳонро дар соли 2025 то 2,2 дарсад коҳиш дод, — хабар медиҳад 24KZ. Ин рақам аз сабаби сиёсати тарифии Вашингтон 0,6 пункт кам шуд. СҶТ аз афзоиши номуайянӣ дар тиҷорати ҷаҳонӣ нигарон аст.
Афзоиши минбаъдаи тарифҳои ИМА ва оқибатҳои онҳо боиси коҳиши бузургтарини тиҷорати ҷаҳонии мол пас аз пандемияи COVID-19 мешаванд. Коршиносони ин созмон пеш аз ҳама аз ҷудоии иқтисодҳои Пекин ва Вошингтон ҳарос доранд ва тахмин мезананд, ки гардиши мол миёни ду кишвар 81 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.