Олимони Донишгоҳи Кембриҷ далели мавҷудияти ҳаётро дар сайёрае кашф карданд, ки дар масофаи 124 соли рӯшноӣ аз Замин ҷойгир аст, хабар медиҳад агентии иттилоотии РИА Новости. Сухан дар бораи экзо-сайёраи К2-18б меравад. Бо истифода аз телескопи кайҳонии Ҷеймс Веб, олимон тавонистанд дар атмосфераи он диметилдисулфидро кашф кунанд. Дар рӯи замин ин пайвастагиҳои химиявиро танҳо организмҳои зинда истеҳсол мекунанд.
Олимон аломатҳои имконпазири ҳаётро дар экзо-сайёраи K2-18b пайдо карданд
