Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли мудаввар дар мавзуи «Ҷойгоҳи стратегии шаҳри Душанбе дар рушди тамаддун ва иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар чорабинӣ коршиносон ва таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегии кишвар иштирок намуда, дар мавзуҳои гуногун аз ҷумла рушду инкишофи шаҳри Душанбе дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши он дар муаррифии давлат ва маркази илму маърифат будани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе маърӯзаҳо пешниҳод карданд.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои «Тоҷикистон»