Ба 390 251 нафар-оилаҳои осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд

 

 

Дар Тоҷикистон дар робита ба коҳиш додани паёмадҳои иҷтимоии бемории сироятии COVID-19 тавассути дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ то ба имрӯз ба 390 ҳазору 251 оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд. Дар ин бора аз Вазорати молия ба радиои Тоҷикистон хабар додан:

      “Ба ҳолати 17 ноябри соли равон аз маблағи ҷудошуда 156 миллиону 100 ҳазору 400 сомонӣ хароҷот гардида,  390 ҳазору 251 нафар, оилаҳои осебпазир, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 135  ҳазору  156 оила ба маблағи 54 миллиону 62 ҳазору 400 сомонӣ, вилояти Суғд 120 ҳазору 139 оила ба маблағи 48 миллиону 55 ҳазору 600 сомонӣ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 ҳазору 366 нафар ба маблағи 6 миллиону 546 ҳазор 400 сомонӣ, шаҳри Душанбе 29 ҳазору 860 нафар ба маблағи 11 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 88 730 нафар ба маблағи 35 миллиону 492 ҳазор сомонӣ аз кумакпулӣ  бархӯрдор гардиданд”

Тибқи рӯйхатҳои аз ҷониби вазорату идораҳои марбута пешниҳодгардида, шумораи умумии табақаҳои осебпазир дар ҷумҳурӣ 437 ҳазору 361 нафар, аз ҷумла, гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 43 ҳазору 231 нафар, маъюбон 151 ҳазору 80 нафар, кӯдакони ятим, кӯдакони аз саробон маҳрумшуда 77 ҳазору 982 нафар, аз ин кӯдакони бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ 3000 нафар, кӯдакони маъюби то 16-солаи мубталои ВНМО/БПНМ 987 нафар, шаҳрвандони камбизоат (оилаҳои камбизоат) 163 ҳазору 781 оила, гурезагони камбизоати хориҷие, ки расман мақоми гуреза доранд, 300 нафарро ташкил медиҳанд.

Саидов Шоҳин

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *