Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии дуюми худро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё — 2025 муқобили Кореяи Шимолӣ баргузор кард.
Шоми гузашта дар доираи рақобатҳои даври 2-юми гурӯҳи «D»-имарҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё — 2025, наврасони 17-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдулло Сити Ҳолл» доир гардида, бо ҳисоби 0 бар 3 ба нафъи кореягиҳо ба охир расид.
Голҳои Кореяи Шимолиро дар ин дидор ду маротиба Пак Кванг Сонг (дар дақиқаҳои 50, 58) ва як маротиба Ри Канг (82) ба нишон расониданд.
Бозии дигари гурӯҳи «D» миёни Уммон U-17 ва Эрон U-17 бо ҳисоби 3 бар 2 ба нафъи уммониҳо ба охир расид.
Ба ҳамин тартиб пас аз ду давр Кореяи Шимолӣ бо 4 давр дар мавқеи аввал буда, Тоҷикистон ва Уммон бо 3 имтиёзӣ дар ҷойҳои 2-юму 3-юм қарор доранд. Эрон бо як хол дар мавқеи охири гурӯҳ ҷой гирифтааст. Ёдовар боядшуд, ки аз ҳар гурӯҳ 2 даста ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.
Дар даври 3-юм, санаи 11-уми апрел Эрон бо Тоҷикистон ва Уммон бо Кореяи Шимолӣ дидор анҷом медиҳанд ва дастаҳое, ки имтиёзҳои бештар касб мекунанд ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Рустам Зоирзода
радио»Тоҷикистон»