Даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид

Имрӯз дар тарабхонаи «Дидор» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни бонувону ҷавондухтарони ноҳияҳои пойтахт даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ нахуст, муовини Раиси шаҳри Душанбе  Дилбар Одилзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони муосир нақши зан дар ҷомеа, хусусан дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли солим, беш аз ҳарвақта муҳим мебошад. Бо баргузории чунин озмунҳо мо метавонем завқи зебоипарастӣ ва ҳунаромӯзии занону духтаронро боз ҳам боло барем ва барои рушду эҳёи суннатҳои фарҳангии тоҷикон саҳм гузорем.

Дилбар Одилзода қайд кард, ки  имрӯз бонувони мо дар баробари иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳамчун кадбонуҳои асил ва нигоҳдорандагони арзишҳои миллӣ, намунаи ибрат барои ҷомеа ҳастанд.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ баргузор карда шуд. Дар охири чорабинӣ беҳтаринҳо бо Дипломҳои дараҷаи якум, дуюм, сеюм, туҳфаҳои хотиравӣ ва барои иштироки фаъолона бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Сураёи Сироҷиддин

радиои “Тоҷикистон”