Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Дар ин бора сомонаи Вазорати нақлиёт хабар дода навиштааст, ки маросими имзои Ёддошти тафоҳум 4 апрел дар шаҳри Самарқанд, дар ҳошияи саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баргузор шуд. Дар зери ҳуҷҷат Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин ва ноиби президенти БСА Кириякос Какурис имзо гузоштанд.
Ба иттило манбаъ, лоиҳаи санад тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Дарвозаи Глобалӣ» («Global Gateway») таҳия гардидааст. Он ба рушди робитаҳои устувори алоқаи нақлиётӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, аз ҷумла тавассути навсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои нақлиётӣ нигаронида шудааст.
Зикр карда шуд, ки Ёддошти тафоҳум барои ҷалби сармоягузории дарозмуддат ба бахши нақлиёти кишвар имкониятҳои нав фароҳам меорад, ки дар навбати худ ба ҳамгироии минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Мутобиқи санади имзошуда, ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳое, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои алоқаи устувори нақлиётӣ байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо мусодат менамоянд, Бонки сармоягузории Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати нақлиёти кишвар 100 миллион евро ҷудо мекунад.
Ноиби президенти БСА таъкид кард, ки бонк омода аст дар дастгирии лоиҳаҳое, ки ба рушди устувори гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудаанд, фаъолона иштирок кунад.