5 апрели соли 2025 дар дараи хушманзараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби роҳбарияти Вазорат дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор чорабинии идона баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи ин вазорат хабар медиҳад, ба чорабинӣ ҳамзамон намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе даъват гардида, аз намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди суфраи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаҳои мероси ниёгон, намунаҳои чакан, атласу адрас, асбобҳои суруду мусиқӣ, нигораҳо, либосҳои миллӣ ва ҳунарнамоии кишоварзон ва варзишгарон дидан намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии хеш ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, афзуд, ки бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз сол то сол шукуҳу шаҳомати хоса касб менамояд. Ин иди ниёгон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо талошҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии UNESCO шомил шуда, бо қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мақому манзалати азалии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ боз соҳиб шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз доир гардид.