Дар Душанбе Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» баргузор шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ, Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» баргузор шуд.

Ин чорабинии муҳими байналмилалӣ бо ташаббуси  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байнамилалии алоқа ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа баргузор гардид.

Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бородин Алексей Сергеевич, директори генералии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа  Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал»-ро ифтитоҳ намуда, Ксения Юрьевна Дроздова, директори генералии MOX Intersputnik, Дмитрий Ветлугин, намояндаи Eutelsat OneWeb доир ба проблемаҳои дастрасӣ ба бозорҳои системаҳои NGSO дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва Александр Гуляев, намояндаи ширкати Huawei Technologies Co., Ltd. дар мавзуи навсозӣ дар бораи вазъи ҷаҳонии басомади аз 6 ГГц боло баромад намуданд.

Дар қисмати дигари форум Бодуршозода Миралӣ Айёмбек, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансуров Бахром, намояндаи «Шаҳри ҳӯшманд», Вахан Ховсепян, намояндаи NCC RIPE,  Тоир Исмоилов, намояндаи GSMA,  Дмитрий Конарев, намояндаи ширкати Huawei Technologies Co., Ltd.:  Нодир Турсунзода, роҳбари Ҷамъияти радиои ҳаводорони «Ҷунбиши радиои ҳаводорони Тоҷикистон», Ҳиматов Музафар Ҳикматович, раиси Ассотсиатсияи провайдерҳои интернети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои гуногуни марбут ба алоқа ва технологияи  мулоҳизаронӣ карданд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ин форумро барои тамоми кишварҳои иштирокдор муҳим хонда, гуфт ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки бо созмонҳои марбута ва кишварҳои дуру наздик  дар бахши алоқа ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшад.

Иброз гардид дар асоси татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа баланд бардоштани суръат ва сифати алоқаи барқӣ дар кишвар, таъмини пӯшиши радиоии муносиб дар тамоми қаламрави мамлакат, ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ намудани соҳаи алоқа, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дар бозори телекоммуникатсионӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳим  аст.

Ҳамчунин доир ба вазъи соҳаи алоқа ва иқтидори транзитии кишвар маълумот ироа гардид, гуфта шуд, ки бахши хусусӣ дар бозори телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосӣ дорад. Аз 30 ширкату провайдерҳои фаъолияткунанда, 29-то ба ин бахш рост меояд. Мақсад аз ҳимояи фаъолонаи давлатӣ аз бахши хусусӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоид ва рақобати солим дар бозори телекоммуникатсионӣ мебошад. Фароҳам овардани заминаи муносиби рушд ва муосиргадонии фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва провайдерони алоқаи собит яке аз  омилҳои муҳими дар боло бурдани сатҳи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ мебошад.

Бородин Алексей Сергеевич, директори генералии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар ифтитоҳи Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» ба раҳбарияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳат фароҳам овардани заминаи муносиб барои баргузории ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ изҳори сипос намуда,  ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди робитаҳои қавӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти соҳа баҳо баланд дод.

Дар идомаи Форум  иштиркордорон доир ба густариши  ҳамкориҳои мутақобили судманд миёни операторони алоқаи барқии кишвар, фароҳам кардани дастрасии ҳамсон ба алоқаи барқӣ дар кишварҳо, навсозии инфросохтори соҳа, бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо стандартҳои 4G ва 5G, муносиб намудани арзиши хизматрасониҳо, пайваст шудани шабакаҳои телекоммуникатсионии  кишвар ба таври мустақим ба системаи байналмилалии шабакаҳои кабелии зериуқёнусии Интернет, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҳузури фаъол ва маънодори кишвар дар платформаҳои  байналмилалии мубодилаи трафики Интернет, таъсиси марказҳо ва махзанҳои  коркарди маълумотҳои калонҳаҷм, густариши истифодабарии шабакаҳо ва технологияҳои алоқаи моҳвораӣ  ва дигар масъалаҳои ҷорӣ андешаронӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ  бо маҷмуи ҳамоишҳои канории худ  то 11 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе идома ёфта, ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ дар чанд бахш сурат мегирад.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ дар сатҳи кишварҳои минтақа ва фароминтақа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои гуногуни соҳаи алоқа  замина хоҳад гузошт.

Дар ин чорабиниҳо аз 19 кишвар, аз қабили Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Туркманистон, Афғонистон, Булғористон, Латвия, Литва, Болгария, Словения, ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) ширкат доранд.

Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори маҳвораӣ ҳар сол ду маротиба ҷаласаҳои худро дар тамоми кишварҳо аъзо баргузор менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 узви комилҳуқуқи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ буда, нахусин бор аст, ки ҷаласаи ин комиссия дар кишвари мо дар сатҳи баланди байналмилалӣ, бо фарогирии масъалаҳои васеи соҳаи алоқа ва ҳамоишҳои гуногуни канорӣ баргузор мегардад.