Хадамоти алоқа: Маконҳои ҷамъиятӣ бо Wi-Fi таъмин мешаванд

Исфандиёри Саъдулло, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории як брифинг эълон кард, ки барои беҳтар кардани дастрасӣ ба интернет ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқа як қатор тадбирҳо амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, дар маконҳои ҷамъиятӣ, ба монанди боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бозору фурӯшгоҳҳои бузург, фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо нуқтаҳои нави Wi-Fi ташкил карда мешаванд. Ин иқдом ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки дар ҷойҳои серодам пайвасти бемаҳдуди интернетӣ дошта бошанд.

Ҳамзамон, аз аввали соли 2025 дар назди Хадамоти алоқа Маркази тамос ба таври онлайнӣ ва интерактивӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Ин марказ барои қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти алоқавӣ пешбинӣ шуда, муроҷиатҳо ҳаррӯза баррасӣ ва камбудиҳои ҷойдошта марҳила ба марҳила ҳаллу фасл мегарданд.

Масъулин таъкид карданд, ки ин иқдомҳо ба рушди инфрасохтори алоқа ва беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.