Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, таърихи бештар аз 5-6 ҳазор соларо дорост. Бо талошу сайъу кушиши зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди аҷдодии мо – Наврӯз Иди байналмилалӣ эълон гашт ва ҳоло дар тамоми дунё он ҷашн гирифта мешавад. Имсол олимони Шӯъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин ин ид аҷдодиро дар рӯҳияи баланди илмию эҷодӣ пешвоз хоҳанд гирифт.
Чӣ тавре, ки доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов иттилло медиҳад, … «Наврӯзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро дар робитаи мустақим бо гардиши Замин ба даври Офтоб буда, рӯзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб мешавад ва ба қавли донишмандони пешин «расидани Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст». Болотар аз ин, ҷашни мазкур аз муқаддасоти оинӣ низ бархӯрдор аст. Мутобиқ ба эътиқодоти бостонии мардуми мо одоби ин ҷашн бар асоси ангезаи накӯдошт ва посдорӣ аз муҳити зист бино ёфтааст.
Мувофиқи нишондодҳои таърихӣ калимаи Наврӯз аз забони суғдӣ гирифта шуда, бо истилоҳи «навсард» ё «нувсард» пайвандӣ дошта, маънои он «Соли нав» аст. Ин калима дар забони авастоӣ бо лафзи «Сарзе» бо маънои «Соли хуршедӣ» омадааст. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, асли паҳлавии ин калима «нук руҷ» ва ё «нӯг рӯз» мебошад.Дар баёни сабабҳои баргузории ҷашни Наврӯз андешаҳо хело бисёранд.Ба қавли баъзе аз муаррихон дар охирин рӯзи соли кабиса Ҷамшед, подшоҳи пешдодӣ баъд аз анҷоми як силсила ислоҳоти иҷтимоӣ бар тахти заррин нишаста, фосилаи байни Дамованд то Бобулро дар як рӯз тай менамояд, ки он рӯз «ҳурмуздрӯз»-и аз фарвардинмоҳ ба шумор мерафт. Дар асоси дастури Ҷамшед ин рӯзи сари сол ҷашн гирифта шуда, ба он «Наврӯз» номгузорӣ мекунанд.
Ба андешаи Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯз «нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии Соли нав аст, он чи паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост». Инчунин, Умар Ибни Иброҳими Хайём низ дар «Наврӯзнома» таъкид месозад, ки «сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки дар асоси солшумории куҳан Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслии худ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, боз мегардад. Расму оин ва одоби баргузории ҷашни Наврӯз низ дар бисёр матнҳои кӯҳан бо ривояту далелҳои таърихнигорон хеле дилчаспу зебо баён шуда, аз расми иҷрои он метавон асолати ҳузури ин оинро дар байни гузаштагони тоҷикон дарёфт намуд.
Шаби аввали сол бояд ҳама хонаҳо бо шамъ равшан карда мешуданд ва чанд соат қабл аз гусели Соли куҳна ва пешвози Соли нав аҳли хонавода ва дар маҷмӯъ мардум саропо либоси нав мепӯшиданд ва дар атрофи «суфра» ё «хонча», ки дар даврони Сосониён бо номи суфраи ҳафтшин шуҳрат дошт, ҷамъ меомаданд. Ба ҷумлаи ҳафтшин инҳо дохил мешуданд: шамъ, шароб, ширинӣ, шаҳд (асал), шамшод, шарбат ва шақоиқ. Ҳафт хӯрок, ки дар хони наврӯзӣ мениҳоданд, дар зарфҳои чинӣ, ки аз Хитой ворид мегаштанд, чида мешуданд. Ба ҳамин сабаб суфраи наврӯзиро дар баъзе ҳолатҳо «ҳафтчин» низ мегуфтанд.
Падару модар ба фарзандон ва хидматгорон туҳфаҳои идонаи худро тақдим мекарданд. Аз хӯрокиҳо дар ин рӯз палавмоҳӣ, мурғпалав, риштапалав ва ё оши бурида пухта мешуд.
Зери мафҳуми «хубрӯе» Умари Хайём шахсеро дар назар дорад, ки номи дилписанде дошта, ба некӯкорӣ маъруф буда, сурату зоҳири хеле зебо ва забони шевову ширин дошт. Вай ба дарбор омада, иҷозати ворид шуданро савол мекард. Подшоҳ аз куҷо будан ва ба куҷо равона шудани ӯро мепурсид ва иҷозати дохил шудан медод.
Ба ибораи дигар шоҳ дар рӯзҳои наврӯзӣ қудрати давлатдориро ба дасти Мири Наврӯз медод. Мири Наврӯз ба як даст худро бод медод ва дар дасти дигар бози сафед ва дар бар шамшер мегирифт. Ин намоиши бозгашти Мири Наврӯзӣ аз набард ва шикаст додани душманон буд. Мардум ӯро бо таблу карнай истиқбол менамуданд.
Мутобиқи эътиқодоти бостонӣ Мири Наврӯзӣ то поёни «сездаҳ бадар», ки рӯзи охирин ҷашни Наврӯз аст, дар шаҳру деҳот гашта, ҳукумат мекард ва камбудиҳои мавҷударо ба саҳнаи мазҳакаи Наврӯзӣ мекашонд. Вай роҳбарон ва кормандони давлатиро ба адлу инсоф ва покиву садоқат даъват мекард.
Хурдҳо ҳатман аз аҳволи бузургони хона бохабар мешуданд ва калонсолон дар навбати худ ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекарданд.
Қобил ба тазаккур аст, ки бахусус дар гаҳвораи зуҳури тамаддуни ориёӣ ва наврӯзӣ дар шаҳри Балх (бисткилометраи Мазори Шарифи Афғонистон) дар анҷумангоҳи «Навбаҳор» дирафши Ковиёнӣ барафрохта мешуд. Сарбозон бо парчамҳои ифтихорӣ ва пирӯзиву ғалабаҳои хеш вориди анҷумангоҳи «Навбаҳор» мешуданд ва дар канори Дирафши Ковиёнӣ пойкӯбӣ мекарданд.
Чӣ тавре ки қаблан зикр кардем, поёни Наврӯз дар рӯзи сездаҳуми моҳ бо ҷашни «Сенздаҳ бадар» ба охир мерасид. Дар ин рӯз тамоми мардуми шаҳр ба кӯҳу пушта рафта, дар байни гулҳову марғзорҳо истироҳат мекарданд. Дар он рӯз, ки бо номи Эзиди Тиштар — оварандаи борон номгузорӣ шудааст ва рӯзи муқаддас маҳсуб мегашт, мардум, бахусус аз моҳӣ ва сабзавот хӯрок омода мекарданд. Дар давоми ҳамин рӯз сабзаҷоти суфраи идонаи Наврӯзро ба унвони ҳадя ба Аноҳито ба об меандохтанд, то сол аз аввал то охираш дар кишвар сарсабзу хуррам боқӣ монад.
Мувофиқи асотири мавҷуда дар ин рӯзи муқаддас аввалин одамони рӯи замин Машиё ва Машиёна издивоҷ кардаанд, ки онҳо аз нутфаи Каюмарс дар замин рӯида буданд. Дар асоси эътиқодоти куҳан Аҳурамаздо дар марҳилаи аввалини офариниши навъи башар Каюмарсро офарид. Каюмарс ва ё Гивмарт- намуна ва истиорае аз нахустин инсон дар рӯи замин мебошад. Дар китоби «Авасто» омадааст, ки «фараваши (равону рӯҳӣ) Гивмарти ашаванро (порсоро) меситоем. Нахустин касе, ки ба гуфтор ва омӯзиши Аҳурамаздо гӯш фаро дод ва аз ӯ хонаводаи сарзаминҳои эронӣ ва нажоди эрониён падид омад».
Каюмарс муддати сӣ сол дар саросари ҷаҳон гардиш намуда, дар миёни кӯҳу дашт рӯзгори хешро сипарӣ мекард. Вай дар рӯи замин подшоҳи гулҳо буд, зеро дар он марҳилаи офариниш дигар ҳеҷ мавҷуде ба ҷуз аз гулҳо офарида нашуда буданд. Пас аз сӣ соли подшоҳӣ бар гулҳо ва табиат ҳангоми марг аз салби вай нутфае хориҷ шуд, ки баъд аз тасфияву поксозӣ тавассути офтоб ва аз газанд олоиш ёфтан дар домани хок ва дар раҳми замин ҷой гирифт. Пас аз чиҳил сол ин нутфа дар гули шакли ишқидарпечон мерӯяд ва дар рӯзи Меҳррӯзи Меҳрмоҳ онҳо ба сурати инсон даромада, аз онҳо аввалин ҷуфти марду зан падид меояд, ки мувофиқи устураи оини Меҳргон (митраизм) бо номи Машиё ва Машиёна хонда мешаванд.
Ин ду гули ишқи дарпечон ва аввалин инсонҳои рӯи замин баъд аз панҷоҳ сол, яъне дар рӯзи сездаҳуми фарвардинмоҳ ба ҳам издивоҷ мекунанд. Чун дар он замон меҳваре ҳамчун қоидаи издивоҷ набуд, онҳо ду гиёҳро ба рамзи пайванди сабзу муборак миёни хеш гиреҳ дода, онро нишони пайванди заношӯӣ қарор дода буданд.
Аз ҳамон рӯз шурӯъ карда, ин расм ҳамчун оин ба ёдмон аз нахустинсонҳо — Машиё ва Машиёна дар байни мардумони табори мо боқӣ монд. Ҳамчун рӯзи муқаддас мардум дар 13-уми фарвардинмоҳ ба кӯҳ мерафтанд ва он оинро иҷро мекарданд.
Асли мақсади тамоми ин мероси бузурги фарҳангии наврӯзӣ — парвариши ҳаёт дар домони табиат ва Модар — Замин аст, ки онро мо бояд муқаддас дорем.
Ва аз забони шоир, ки ба Наврӯзи аҷам бахшида шудааст, гуфтаниеро пешкаши ҳамдиёрон менамоем:
Наврузи Аҷам омад, мо шукри Худо гуем,
Табрики ҳама дустон, бо ҳамду сано гуем.
Ид асту муборакбод, бар руи ҳама бодо,
Дар базму тарабхона, мо созу наво гуем.
Булбул ба саҳар гуфто:»Ман ошиқаму маст»,
Аз ишқу вафодорӣ, бар боди сабо гуем.
Соқӣ чи бирези май, моро на хуш аст бода,
Бе ҷоми сафои ту, нокарда гуноҳ гуем.
Дар дашту биёбонҳо,сурхиву сафедиҳо,
Аз қах-қахи кабкакон,мастона чиҳо гуем.
Ошиқ ба дари маъшуқ,мастонаву саргарм,
Ин розу ниёзи дил, бо меҳру вафо гуем.
Шамъу гулу парвона, бо булбуланд ҳамхона,
Ҷамъе, ки шуданд имрӯз,мо чуну чаро гуем.
Рақсидани сарвро бин, ин чаҳ-чаҳи булбул бин,
Ҳангоми баҳор омад, бар ишқ сано гуем.
Бар қалби ҷавону пир, боз розу ниёз омад,
Гуштину камонбози,аз одати мо гуем.
Дехкон ба сари сахро,айёми бахор омад,
Хушрузии дунёро, мо то ба само гуем.
Бар хонаи мо имрӯз,ҳар кас ки қадам монад,
Хуш омаду,хуш омад, бегона ошно гуем.
Аз асли чунин асту, ин ид ки чунон аст,
Бар ориёи хешам, мо хайру салом гуем.
Имрӯз, ки ид омад,хуш бар дари мо омад,
Бар дилбаракони худ,аз дил муддаҳо гуем.
Шуд қисса чу мухтасар, ҳарчанд ки дароз ҳам нест,
Бархезу биё эй дил, табрику дуо гуем.
Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонм дар қатори кашфиётҳои нодири хеш дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, инчунин биологҳо дар бахши кишоварзии кишвар, алалхусус дар самти ба даст овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил, аз қабили гандум, пахта, картошка, ҷуворимакк, офтобпараст, помидор, лубиёгиҳо, сабзавотиҳо, топинамбур, хӯроки чорво ва ѓайраҳо низ саҳми босазои хешро мегузоранд. Ин дастоварҳои олимон дар таъмини озӯқвории мамлакат аҳамияти хоса дошта, дар арафаи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз ба дастархони кишоварзон пешвоз мегарданд.
Шуъбаи илмҳои биология ва олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мардуми меҳнатқарини кишварро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, тинҷиву оромӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори корҳоро дар зиндагӣ орзӯманданд. Олимони тоҷик таманои онро доранд, ки хонадони ҳар як тоҷик аз Офтоби наврӯзӣ ҳамеша гарму нуронӣ бошаду Тоҷикистону Наврӯзи аҷами аҷдодии тоҷикон зиндаву ҷовид поянда монад!
МИРЗОРАҲИМЗОДА А.К.- ноиби Президенти Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология,
профессор;
ПАРТОЕВ Қ., доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор
Махсус барои сомонаи
радиои «Тоҷикистон»