Пандемияи COVID-19: Пас аз панҷ сол

Аз он замоне, ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурстӣ, COVID-19-ро пандемияи фарогир эълон кард, панҷ сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар саросари ҷаҳон беш аз 700 миллион ҳолати гирифторӣ ба қайд гирифта шуд. Инчунин, дар натиҷаи ин бемории сироятӣ беш аз 7 миллион нафар ба ҳалокат расид. 

Тибқи гузриши интишорнамудаи СУТ, оқибатҳои харобиовари пандемия ҳоло ҳам дар саросари ҷаҳон эҳсос мешаванд, аммо инсоният аз он дарси мусбӣ низ гирифтааст. Кишварҳо амнияти тандурустиро мустаҳкам карданд ва технологияҳои нави ваксина барои пешгирии дигар бемориҳо имконият фароҳам оварданд.

Дар авҷи паҳншавии COVID-19, Ҳукуматҳо чораҳои бесобиқаи маҳдудкунанда андешида, муҳосира эълон карданд ва аҳолиро ба карантинҳои маҷбурӣ, ки тӯли чанд моҳ идома доштанд, фиристоданд. Дар маҷмӯъ, ин тадбирҳо ба 2,5 миллиард нафар таъсир расонид. Бо гузашти панҷ сол, инсоният то ҳол иммунитети оммавиро ба COVID-19 таҳия накардааст.

Мувофиқи маълумоти ЮНИСЕФ, дар натиҷаи талошҳои глобалии эмгузаронӣ дар тӯли 50 сол беш аз 154 миллион нафар наҷот дода шуданд. Ба гуфтаи коршиносон, танҳо дар Аврупо ваксина алайҳи бемории сироятии коронавирус тақрибан 1,5 миллион нафарро наҷот додааст. То охири моҳи феврал дар саросари ҷаҳон 94 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.