Сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе семинар-тренингҳои силсилавӣ дар муассисаҳои таълимӣ доир роҳҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ баргузор мегардад. Мақсади он ҷалби ҷавонон ба соҳибкорӣ ва боло бурдани маърифати иқтисодии онҳо арзёбӣ мегардад.
Нахустин семенар тренинги омӯзишӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон доир карда шуд. Бино ба маълумоти манбаъ, Дар оғози чорабинӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, роҳбарияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон иштирок ва ба масъулин ва иштирокчиёни чорабинӣ барору комёбӣ таманно намуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур соҳибкор – бизнес тренер Рустами Раҳматулло иштирок намуда, ба донишҷӯёни муассисаҳои риштаи иқтисодидошта- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон вобаста ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, маърифати иқтисодӣ, истифодаи самарноки вақт ва дигар омилҳои ба соҳа дахлдошта омӯзиш гузаронид.
Гуфта мешавад, ки тадбири мазкур дар дигар муасиисаҳои таълимӣ тибқи нақша идома меёбад.