Палатаи савдо ва саноат: Иштироки соҳибкорони ватаниро дар 9 кишвари хориҷ таъмин намудем

Дар соли 2024 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сафоратхонаҳои кишвар дар давлатҳои хориҷ ва шарикони рушд дар ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 30 намоишгоҳҳои байналмилалӣ, дар 9 давлати дунё аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Эрон, Россия, Туркия, Чин, Олмон, Ҳиндустон, АМА ва Қатар баргузоргардида мусоидат намуда, иштироки аъзоёни худ ва соҳибкорони ватаниро дар кори онҳо таъмин намудаст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ҳайдар Раҷабзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Палата иттилоъ дод.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар давраи ҳисоботӣ, Палата дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо дар 66 Бизнес-форумҳо ва ташкили Бизнес-миссияҳои доираи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ташкил ва иштирок дар 135 конфренсияҳо, семинару вебинарҳо мусоидат намуда, иштироки намояндагон ва аъзоёни Палата дар чорабиниҳои мазкур таъмин карда шудааст.

Рустам Зоирзода
Радиои «Тоҷикистон»