Вобаста ба тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи Тоҷикистон маълумот дода шуд

Бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Комиссияи марказӣ бо аъзои маҳфилҳои «Дипломатони ҷавон» ва «Ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд»  баргузор гардид. Дар ин хусус  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар додааст.

Роҳбарияти Комиссияи марказӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи қонунгузории интихобот, ҳуқуқи интихоботӣ ва тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи мамлакат иттилоъ дод. Аз ҷумла, иброз гардид, ки бо мақсади татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи онҳоро бо маводи зарурии интихоботӣ таъмин намудааст.

Зимни вохӯрӣ донишҷӯёне, ки дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия ва Малайзия таҳсил мекунанд, ба тариқи онлайнӣ пайваст шуданд. Аз ҷумла, Беҳрӯз Ҳайдаров аз Федератсияи Русия дар суҳбати онлайнӣ иброз намуд, ки ҷавонон моҳияти иштирок дар интихоботро ба хубӣ дарк мекунанд ва азм гирифтаанд, ки дар он фаъолона иштирок намоянд.