Дар давраи ҳисоботӣ, дар 15 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2023 1-то зиёд мебошад чунин итилоъ додо Роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода.
Таҳсилоти корҳои хаттӣ ва санҷиши 15 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гирифташуда нишон дод, ки аз 20029 нафар донишҷӯ 24540 нафар дар корҳои хаттӣ ва санҷишӣ иштирок намуда, 3289 нафар ё 13,4 фоиз баҳои аъло 7432 нафар ё 30,3 фоиз баҳои хуб 8709 нафар ё 36,5 фоиз баҳои қаноатбахш ва 5110 нафар ё 20.8 фоиз баҳои ғайриқанотабахш гирифтанд. Ҳамин тавр, сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 43,7 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 70,2 фоизро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2023 сифати дониш 5,6 фоиз ва сатҳи азхудкунӣ 6,8 фоиз баланд гардиданд.
Муҳаммадтоир Саидзода дар идомаи нишасти хабарӣ илова кард, ки мавриди гузаронидани санҷишҳо маълум гардид, ки ҳоло ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нарасидани омӯзгорони соҳибтаҷрибаву дорои унвон ва дараҷаи илмӣ, мустаҳкам набудани пояи моддию техникӣ, нарасидани кабинетҳои фанниву озмошигоҳҳои таълим, ба корҳои илмӣ кам ҷалб гардидани омӯзгорон, аз ҷумла дар чопи дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ, тибқи талабот ба роҳ монда нашудани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ба назар мерасад.
Сурайё Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»