Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла нуктаҳои муҳим аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 феврал маталабе бо номи “Тоҷикистон. Кишваре, ки дар таъмини амнияти минтақа мавқеи калидӣ дорад” чоп кардааст.
Нашрия иттилоъ медиҳад, ки амалисозии Барномаи панҷсолаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз соли 2025 оғоз мешавад.
Ин барнома аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тӯлонитарин марз бо Афғонистонро (1344 километр) дошта, бо чаҳор вилояти шимолу шарқии он мустақиман ҳаммарз аст. Дар робита ба ин, нашрия ба гуфтаҳои Кристина Кормилитсина, рӯзноманигори хабаргузории “ТАСС” истинод мекунад, ки менависад: “Соли 2021, пас аз тасмими ИМА дар бораи хурӯҷи неруҳои худ аз Афғонистон, ҷонибдорони ҷунбиши ифротии “Толибон” қудратро дар ин кишвар ба дасти худ гирифтанд, ки ин ба сарҳади ҷанубии СААД пайомади хуб надорад”.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамарӯза кӯшиш менамояд, ки пеши роҳи ҷиноятҳои таҳдидкунанда ба ҳаёту зиндагии инсониятро бигирад. Хушбахтона, кишвари мо – Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳое мебошад, ки барои решакан кардани ифротиён ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ устуворона гом мениҳад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Татбиқи қонун ё фарҳанги сарфакорӣ. Бояд аз пошидану часпондани пул дар тӯю маъракаҳо даст бардорем” чоп кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, мутаассифона, вақтҳои охир зимни баргузории маъракаҳои хурсандии мардум анъанаи номатлуби пулчаспонӣ ва пулпошӣ ба назар расида истодааст, ки ин амал ҳам аз назари қонун ва ҳам аз назари таълимоти дин мамнуъ ва маҳкумшуда мебошад. Зеро пулпошӣ ё пулчаспонӣ панҷ кирдори номатлуб, аз ҷумла хурофот, амали бефоида, бегонапарастӣ, риёкорӣ ва худнамоиро таҷассум мекунад.
Ба гуфтаи муаллиф, ин амали риё дар фарҳанги пурғановати мо ҳаргиз ҷой надоштааст, балки гузаштагони мо дар осори худ ҳамеша ғояҳои сарфаю сариштакорӣ, расидан ба қадри неъматҳо, канорагирӣ аз исрофу худнамоиро тарғиб кардаанд.
Дар хулоса муаллиф таъкид мекунад, ки хурофот далели динӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ надорад.
Бешак, пулчаспонӣ низ аз ҷумлаи амалҳои хурофотӣ ба шумор рафта, анҷом додани он амали нораво ва нодуруст мебошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 6 феврал чанд нуктаи муҳим аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатиро чоп кардааст.
Аз ҷумла, раҳбари навтаъиншудаи Хадамоти алоқаи Ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, барои беҳтар кардани сифати алоқа ширкатҳо муваззаф шудаанд, ки чораҳои таъхирнопазир андешанд. Инчунин ба гуфтаи вай, дар манораҳои мобилӣ аккумуляторҳое насб мешаванд, ки дар вақти хомӯш шудани барқ низ алоқа таъмин мегардад.
Дар баробари ин, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои марҳила ба марҳила пурра фарогирии таҷдиду таъмири роҳҳо бояд 853 км роҳҳои автомобилгард ва 71 км роҳи оҳан лоиҳакашӣ шаванд. Инчунин аллакай аз ҷониби коршиносон корҳои нақшабардории роҳи Варшез-Кулма бо тули 296 км ва корҳои лоиҳакашӣ дар роҳи Айнӣ — Мастчоҳи Кӯҳӣ бо тули 100 км шурӯъ гардидааст.
Дар идома Азим Иброҳим хабар дод, ки соли ҷорӣ бояд 5 лоиҳа ба маблағи 590,9 миллион доллар, 23 пул бо дарозии 1,9 км, се нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 километр роҳҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла роҳи 93-километраи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон ба истифода дода шаванд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 5 феврал мақолае бо номи “Моҷарои «Лексус»-у «опел»” чоп кардааст.
Муаллиф менависад, ки дар кӯчаҳои пойтахт имрӯз шумораи мошинҳои сабукрав чунон зиёд аст, ки танбашавӣ як ҳолати маъмулӣ гаштааст ва дар кӯчаҳои асосӣ ё худ марказӣ низ чунин ҳолат бештар асту кам не. Сабаб чист?
Ба навиштаи муаллиф, тибқи иттилои расмӣ, то моҳи марти соли сипаришуда дар кишвари мо қариб 700 ҳазор мошини гуногунтамға ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати бист сол пеш тақрибан ду маротиба бештар аст.
Ҷиҳати ҳалли мушкилоти танбашавӣ муаллифи матлаб ду роҳи ҳалл пешниҳод кардааст. Аввал ба мисли бузургшаҳрҳо бояд рӯзҳои ҳафтаро тақсим карда, дар рӯзҳои ҷуфти ҳафта мошинҳои дорои рақами ҷуфт ва дар рӯзҳои тоқ рақамҳои тоқро иҷозати вуруд ба шаҳр дода шавад.
Роҳи ҳалли дуввум ба гуфтаи муаллиф, манъи истифодаи мошинҳои ба истиллоҳ “калонсол” ва ворид гадидани мошинҳои “бегона” ба шаҳр аст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 6 феврал хабар медиҳад, ки тамоми муштариён дар шаҳри Душанбе бо ҳисобкунакҳои ҳушманд таъмин мешаванд.
Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки бо ҳадафи коҳиши талафоти неруи барқ дар кишвар чанд тарҳи сармоягузорӣ амалӣ мешавад. Аз ҷумла дар се ноҳияи пойтахт насби низоми худкор ва ҳисобкунакҳои рақамӣ идома дорад.
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, дар умум бо амалисозии ин лоиҳаҳо 40 дарсдаи муштариёни барқ дар саросари кишвар бо ҳисобкунакҳои ҳушманд таъмин шуда, ба ин васила талафоти неруи барқ ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт.
Тибқи иттилои расмӣ, талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон соли 2024 ҳудуди 4.5 млрд кв/соатро ташкил дод, ки ба 20 дарсади ҳаҷми умумии барқи тавлидшуда дар кишвар баробар аст.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 6 феврал матлабе бо номи “Бизнеси бозӣ. Бақайдгирӣ ва андозбандии чунин субъектҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?” нашр кардааст.
Бино ба иттилои Кумитаи андоз ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар мақомоти андоз, дар маҷмуъ, 483 адад субъекти бизнеси бозӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаааст.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2024 маблағи ҳисобшудаи андоз аз бизнеси бозӣ, дар маҷмуъ, 75,7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли соли 2023, маҷмуан, 11,8 млн. сомонӣ бештар мебошад.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025, дар ҷумҳурӣ 224 адад субъекти бизнеси бозӣ аз ҳисоби андоз дар назди буҷет ба маблағи беш аз 1 млн. 776 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд. Қобили қайд аст, ки шумораи қарздорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, дар маҷмуъ, 32 адад ва маблағи бақияи қарзи андози мазкур 98,6 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”